Зиндагӣ бо 280 сомонӣ ва зану 4 фарзанд дар 15 квадрат

Ин хонаест, ки Умед Садриддинзода дар яке аз дедаҳои шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Дар ҳавлии падарӣ, ки  ба ҷуз ӯ ду бародараш бо зану фарзандонашон ва падару модараш зиндагӣ мекунанд, барои ӯ як ҳуҷраи 15 квадратӣ ҷудо кардаанд, ки бо зану 4 фарзандаш дар он зиндагӣ мекунад.  “Мактаби миёнаро хондам, аммо ҷойе кор намекунам. Даромади рӯзгор […]

Ин хонаест, ки Умед Садриддинзода дар яке аз дедаҳои шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Дар ҳавлии падарӣ, ки  ба ҷуз ӯ ду бародараш бо зану фарзандонашон ва падару модараш зиндагӣ мекунанд, барои ӯ як ҳуҷраи 15 квадратӣ ҷудо кардаанд, ки бо зану 4 фарзандаш дар он зиндагӣ мекунад.

 “Мактаби миёнаро хондам, аммо ҷойе кор намекунам. Даромади рӯзгор аз ҳисоби нафақа ва кӯмаки дӯстону шиносон аст”, – мегӯяд ӯ.

36 сол қабл Умед аз оби ҷӯшомада месӯзад ва баъди чанди беморӣ пойҳояш фалаҷ мешаванд. Бо ҳамин аҳвол таҳсилро дар мактаби деҳи поён хатм мекунад.

Мегӯяд барояш хело сахт буд он рӯзҳо. Ӯ бемори гуруҳи якум аст ва ҳоло аз давлат ҳамагӣ 280 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ ба ҳукумати шаҳри ваҳдат ва раисиҷумҳуру дастгоҳаш чор маротиба ариза навиштааст, вале бенатиҷа. Вай хостааст то барояш якхонагӣ ё лоақал қитъаи замини наздиҳавлагӣ ҷудо кунанд.

“Мо, ки дар деҳа зиндагӣ мекунем ба ман умуман мушкил аст. Аз оне, ки инҷо тепа (баландӣ) аст ҷойи мактаб духтурхона ҳамааш мушкил мешавад”,- изҳор мекунад Умед.

Садриддинзодро то имрӯз дӯстону пайвандонаш дастгирӣ карданд ва умед бар он дорад, ки ҳатман пайдо мешаванд нафароне, ки ба ӯ ва оилааш дасти ёрӣ дароз хоҳанд кард.

Ба Умед ва хонаводааш мешавад, ки ба василаи корти  Алиф 5058 2702 8065 1653 ёрӣ кард. Шумораи телефони ӯ: 906120101.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.