Русия аз 1 апрел алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор мекунад

Русия аз 1 апрел алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон, инчунин Олмон, Венесуэла, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка барқарор мекунад, хабар додаанд ба рӯзноманигорон дар Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавирус дар Русия. Мувофиқи ин маълумот, муовини сарвазири Русия Татяна Голикова ҷаласаи ситоди фавриро баргузор намудааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости. Алҳол бо хатсайри Маскав – Душанбе ҳафтае як […]

Asia-Plus

Русия аз 1 апрел алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон, инчунин Олмон, Венесуэла, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка барқарор мекунад, хабар додаанд ба рӯзноманигорон дар Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавирус дар Русия.

Мувофиқи ин маълумот, муовини сарвазири Русия Татяна Голикова ҷаласаи ситоди фавриро баргузор намудааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Алҳол бо хатсайри Маскав – Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом дода мешавад.

“Аз рӯйи натиҷаҳои баррасии доиргардида, бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои ҷудогона ва дар мувофиқа бо раиси ҳукумат Михаил Мишустин дар бораи бар асоси розигии тарафайн аз  1 апрели соли 2020 барқарор намудани алоқаи ҳавоии мунтазами байнулмилалӣ бо Венесуэла (Маскав-Каракас ҳафтае ду маротиба), Сурия (Маскав-Димишқ ҳафтае як маротиба), Тоҷикистон (Маскав-Душанбе ҳафтае як маротиба), Ӯзбекистон (Маскав-Тошканд ҳафтае як маротиба) ва Шри-Ланка (Маскав-Коломбо ҳафтае як маротиба) қарор қабул шуд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин аз 1 апрел дар мувофиқа бо мақомоти авиатсионии Олмон бар асоси розигии тарафайн алоқаи ҳавоии мунтазам бо хатсайрҳои Франкфурти лаби Майн – Маскав – Франкфурти лаби Майн – ҳафтае панҷ маротиба, Франкфурти лаби Майн – Санкт-Петербург – Франкфурти лаби Майн – ҳафтае се маротиба, Маскав – Берлин – Маскав – ҳафтае панҷ маротиба ва Маскав – Франкфурти лаби Майн – Маскав – ҳафтае се маротиба барқарор карда мешавад.

Ғайр аз ин, тасмим гирифта шудааст, ки аз 1 апрел парвозҳо ба кишварҳои хориҷӣ аз фурудгоҳҳои байнулмилалии Барнаул, Белгород, Волгоград, Воронеж, Калуга, Краснодар, Липетск, Налчик, Оренбург, Саратов, Сочи, Тюмен ва Сахалини Ҷанубӣ дубора роҳандозӣ карда шавад.

Ситоди фаврӣ хотиррасон мекунад, ки хориҷиёни ба Русия азми сафардошта бояд бо худ ҳуҷҷат дар бораи натиҷаи манфии тест аз коронавирусро (бо методи ПЦР) дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то вақти парвоз дода шудааст. Ба шаҳрвандони Русия лозим аст, ки бо омадан ба Русия дар муддати 72 соат ПЦР-тест супоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст