ВКД ва Вазорати корҳои хориҷӣ: мо дархости истирдоди Иззат Амонро накардаем

Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ду ниҳод аз Русия дархости истирдоди Иззат Амонро накардаанд.  Сухангӯйи ВКД Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода дар як суҳабти телефонӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин ниҳод дархости истирдоди Иззат Амонро накардааст.  Ӯ гуфт, ки боздошти Иззат Амон ба мақомоти Тоҷикистон ягон робита надорад ва ӯ ягон ҷиноят […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ду ниҳод аз Русия дархости истирдоди Иззат Амонро накардаанд. 

Сухангӯйи ВКД Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода дар як суҳабти телефонӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин ниҳод дархости истирдоди Иззат Амонро накардааст. 

Ӯ гуфт, ки боздошти Иззат Амон ба мақомоти Тоҷикистон ягон робита надорад ва ӯ ягон ҷиноят вобаста ба Тоҷикистон надорад. "Ҳар чӣ ҳаст барои риоя накардани қонунгузории Русия боздошт шудааст",- гуфт Маҳмадзода.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки масъалаи истирдоди шаҳрвандон марбути мо нест. "Русия ва Тоҷикистон дар ин замина шартнома доранд ва мақомот метавонанд бевосита ин корро анҷом бидиҳанд. Вазорат дар ин маврид ягон дархосте нафиристодааст",-гуфт ба "Азия-Плюс", Парвиз Наҷмиддинов як масъули ВКХ Тоҷикистон. 

Ин дар ҳолест, ки худи Иззат Амон дар як навори видеоие, ки зоҳиран пешакӣ забт шудаву рӯзи 25-уми март дар "Ютуб" нашр шудааст, гуфтааст, ки бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон боздошт мешавад. Ӯ дар ин муроҷиати видеояш аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин хоҳиш кардааст, ки дар ҳалли қазияааш ёрӣ расонад.     

Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ки рӯзи 25-уми март аз сӯйи маъмурони пулис дар Маскав боздошт шуда буд, ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" муттаҳам шудааст. Бино ба иттилои Радиои "Озодӣ", дар ин маврид  қарори Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ба иҷро даромадааст.

Гуфта мешавад, ба Иззат Амон хатари ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Ҳоло тибқи иттилои расонаҳо, дар куҷо қарор доштани Иззат Амон маълум нест.

Наздикони ӯ то кунун дар бораи боздошташ ҳеч изҳори назаре накардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.