Кумитаи андоз аз “Алиф Бонк” пардохти 1,6 млн андозу ҷаримаи иловагиро талаб кардаст

Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "Алиф Бонк" пардохти иловагии андоз дар ҳаҷми тақрибан 1,6 млн сомониро (бо дарназардошти ҷаримаҳо) талаб кард",ғ гуфт ба "Азия-Плюс" раиси "Алиф Бонк" Абдулло Қурбонов.  Ба гуфтаи ӯ Кумитаи андоз баъди санҷиши андозҳои пардохткардаи "Алиф Бонк" барои соли 2019 талаб кардааст, ки ин ҳаҷми маблағ бо шумули ҷаримаҳо пардохта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "Алиф Бонк" пардохти иловагии андоз дар ҳаҷми тақрибан 1,6 млн сомониро (бо дарназардошти ҷаримаҳо) талаб кард",ғ гуфт ба "Азия-Плюс" раиси "Алиф Бонк" Абдулло Қурбонов.

 Ба гуфтаи ӯ Кумитаи андоз баъди санҷиши андозҳои пардохткардаи "Алиф Бонк" барои соли 2019 талаб кардааст, ки ин ҳаҷми маблағ бо шумули ҷаримаҳо пардохта шавад. 

"Алиф бо ин талаби Кумитаи андоз розӣ нест ва ба Шӯрои аппелятсионии назди Кумитаи андоз шикоят кард. Шикоят рад шуд. Баъдан, Алиф ба суд муроҷиат кард. Суд хело зуд ба фоидаи Кумитаи андоз ҳалнома баровард. Аммо, мо аз ин роҳи дуруст даст накашидем — ҳамчун қадами навбатӣ, ҳафтаи гузашта мо ба Суди Олии иқтисодӣ шикояти кассатсионии худро супоридем",-гуфт Қурбонов. 

Қурбонов мегӯяд, ки "Алиф Бонк" бар ҳақ будани худ пойфишорӣ мекунад ва ба ҳалли одилонаи қазия умед мебандад. 

"Дар зиндагӣ чӣ мушкилие ояд, бояд ноумед нашуд. То он даме, ки ниятамон нек асту ҳаракат мекунем, ҳар мушкилие, ки сари роҳамон меояд, як хайре дорад, як имтиҳонест. Имтиҳони навбатии мо — ин баҳси мо бо Кумитаи андоз аст. Ниятамон — одилона ҳал шудани баҳс аст".

«Алиф Бонк» яке аз бонкҳои пештозу муваффақ ва навтаъсиси тиҷоратӣ дар Тоҷикистон аст, ки иҷозатномаро аз Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2020 ба даст овард. 

Ин бонк дар заминаи ташкилоти хурди қарзиву амонатии "Алиф Капитал" таъсис шуд, ки аз соли 2014 фаъол буд. 

Бастаҳои комили саҳмияҳои ин бонк марбут ба ҶС «Alif Capital Holdings limited» мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.