500 доллар то Маскав ва бозгашт. Нархи билети парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои парвоз тариқи хатсайрҳои мунатзам байни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав қарор қабул намуда, арзиши билетҳоро муқаррар кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентӣ Икром Субҳонзода. Бино ба гуфтаи ӯ, парвози аввалин бо хатсайри Душанбе-Маскав аз ҷониби ширкати ҳавопаймом “ЮтЭйр” рӯзи ҷумъа, 2 апрел ва минбаъд як маротиба дар ҳамин […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои парвоз тариқи хатсайрҳои мунатзам байни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав қарор қабул намуда, арзиши билетҳоро муқаррар кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентӣ Икром Субҳонзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, парвози аввалин бо хатсайри Душанбе-Маскав аз ҷониби ширкати ҳавопаймом “ЮтЭйр” рӯзи ҷумъа, 2 апрел ва минбаъд як маротиба дар ҳамин рӯзи ҳафта анҷом дода шуда, ширкати “Сомон Эйр” ҳар ҳафта рӯзи сешанбе парвоз ба иҷро мерасонад.

“Дар вохӯрии кории чанде пеш мо аз ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ талаб кардем, ки ба беасос боло бурдани арзиши билетҳо роҳ надода, нархи онро дар ҳудуди арзиши аслӣ танзим кунанд, – гуфт Субҳонзода. – Пас аз таҳлил ва омӯзиши хароҷоти ширкатҳо мо тасмим гирифтем, ки арзиши билетҳо ба як самт ва бозгашт аз он ҷо 500 доллар муқаррар шавад, – гуфт Субҳонзода

– Масалан, агар ба самти парвози Душанбе-Маскав талаботи мусофирон зиёд бошад, ширкатҳо нархро аз 300-350 доллар ва дар бозгашт ба Душанбе – 150 доллар муқаррар карда метавонанд, лекин онҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки нарх ба ҳар ду самт аз 500 доллар болотар набошад".

Зимнан зикр шуд, ки роҳандозии хатсайрҳо бо як парвоз ба ҳар ду самт дар як ҳафта ба барқарор шудани алоқаи ҳавоии мунтазам байни кишварҳо оғоз бахшида, бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, “бар асоси қарорҳои дахлдор” дар бораи зиёд кардани парвозҳо тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Икром Субҳонзода таъкид дошт, ки мусофироне, ки дар онҳо таби баланд ё аломатҳои беморӣ ошкор мешавад, инчунин мусофироне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро (бо методи ПЦР), ки на дертар аз 72 соати пеш аз омадан ба даст овардаанд, бо худ надошта бошанд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Маҳз бо ҳамин гуна маълумотнома бидуни истисно ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон акнун метавонанд ба Маскав парвоз кунанд, лекин танҳо бо хатсайрҳои мунтазам.

Доир ба масъалаи харидани билет ва маълумоти муфассал дар ин бора шаҳрвандон метавонанд ба нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ ё ба намояндагиҳои ширкатҳо муроҷиат кунанд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавируси Русия, аз 1 апрел ин кишвар алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон, Олмон, Венесуэла, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка барқарор мекунад.

Қобили зикр аст, ки бар асари пандемияи коронавирус Тоҷикистон аз 19 март ва Русия аз 27 марти соли 2020 сарҳадҳои ҳавоии худро баста, тамоми ин муддат байни кишварҳо парвозҳои ба ватан баргардонидани шаҳрвандон ва парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешуданд.

Айни замон Тоҷикистон бо Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қазоқистон алоқаи ҳавоии мунтазам дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.