Улуми дақиқ ва рушд: айби адабиёт ё мушкили фазои сармоягузорӣ?

Баҳси дурударозе солҳост дар фазои маҷозӣ мечархад ва гоҳ-гоҳе доғ мешавад. Як зеҳниятеро, ки дар инҷову онҷо баъзан садо медод, мусоҳибаи Шариф Раҳимзода, як вакили онвақтаи Маҷлис расонаӣ кард ва инак се сол аст, ки он мавзӯи баҳси доманадор гаштааст. Ниҳоят дирӯз Радиои Озодӣ низ дар як навори рӯ ба рӯ ҳамин масъаларо ба баҳс […]

Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино

Баҳси дурударозе солҳост дар фазои маҷозӣ мечархад ва гоҳ-гоҳе доғ мешавад. Як зеҳниятеро, ки дар инҷову онҷо баъзан садо медод, мусоҳибаи Шариф Раҳимзода, як вакили онвақтаи Маҷлис расонаӣ кард ва инак се сол аст, ки он мавзӯи баҳси доманадор гаштааст. Ниҳоят дирӯз Радиои Озодӣ низ дар як навори рӯ ба рӯ ҳамин масъаларо ба баҳс кашидааст, ки маро водор кард фикрамро бинависам.

Оё воқеан шеъру адабиёт ва улуми инсонӣ ҷои илмҳои дақиқро танг кардаанд?

Агар савол танҳо ҳамин бошад, пас баҳси ин масъала бояд дар доираи мутахассисони соҳаи омӯзишу парвариш сурат гирад.

Бешак ин соҳаи иҷтимоӣ дар ҷаҳон пешрафти амиқ кардааст. Кишварҳои дигар таҷрибаи фаровон дар таълиму тарбия касб кардаанд ва ниёз нест мо аз нав ин мароҳилро тай намоем. Бояд таҷрибаи онҳо омӯхта ва дар шакли матлуб бо барномарезии густурда роҳандозӣ шавад.

Мушкилоти умдаи соҳаи омӯзишу парвариши кишварамон аз касе пӯшида нест ва ба ислоҳоти фарогир ниёз доштани соҳа низ амре бадеҳист. Вале ин ки чӣ ислоҳоте лозим аст ва чи гуна бояд онро барномарезӣ кард, кори мутахассисони соҳа аст.

Баҳс дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад танҳо бозгӯи вуҷуди ин мушкили иҷтимоӣ бошад ва масъулини дастандаркорро ба ҳалли он водор созад.

Фикри банда ҳамчун як дастандаркор ин аст, ки сатҳи дониши касбии хатмкардагони донишгоҳҳои улуми дақиқи кишвар аз сатҳи дониши хатмкардагони риштаҳои улуми инсонӣ болотар ҳасту поёнтар не. Инро чун шахсе, ки бевосита ҳам бо ину ҳам бо он сарукор дорад мегӯям. Тадрис дар риштаҳои улуми инсонӣ набояд коста шавад, набояд алами Исоро аз Мӯсо гирифт. Сатҳи дониши донишҷӯёни риштаҳои улуми инсонӣ низ тақвият мехоҳад…

Ва аммо баъд:

Вале агар зеҳнияти мазбур, ҳамон тур ки ишораҳо мераванд, ақибмонии иқтисодии кишварро ба ин масъала марбут медониста бошад, баҳс комилан ранги дигар мегирад.

Ҷавонони донишманди улуми дақиқ дар пешрафти иқтисодии кишвар чӣ нақше дошта метавонанд? Ё, рушди иқтисоди кишвари мо ба рушди улуми дақиқ чӣ рабте дошта метавонад? Оё мо мехоҳем текнолоҷии нав ихтироъ кунем ё ба кайҳон парвоз кунем? Ё талош бар он аст, ки сатҳи донишҷӯёни улуми дақиқро боло барем, то онҳо аробакашӣ ва кӯчарӯбиро беҳтар донанд?

Рушди иқтисодии кишвари мо пеш аз ҳама ба фазои сармоягузорӣ вобаста аст! Ростӣ бо ин фазои сармоягузорие, ки мо дорем, агар ҳама бошандагони Водии силикониро ҳам ба ин ҷо биёрем ҳеч коре карда наметавонанд.

Чанд мушкили асосии фазои сармоягузорӣ инҳоянд:

– рақобати носолим;

– дахолати ноҷо;

– беҳуқуқии соҳибкор;

– фазои тарс;

– молиёти сангин;

– вомҳои дастнорас;

Беҳтар аст, мо як вакили дигарро пайдо кунем, то баҳси мушкилоти фазои сармоягузориро ҳамин тур гарм кунад ва то болоҳо расонад.

Фазои сармоягузорӣ мусоид бошад, корхонаву муассисаҳо сохта мешаванд ва вақте ниёз ба корманди текникии донишманд пайдо шавад, хоҳу нохоҳ дар байни макотибу донишгоҳҳо рақобат ба вуҷуд меояд ва мутахассисони хуб ҳам тарбия хоҳанд шуд.

Дар ҳоли ҳозир дипломи аксари донишгоҳҳои кишвар ду рисолат дорад: якум халосӣ аз хидмат дар артиш ва дуввум баландтар кардани болиш, зеро кореву маоше нест, ки донишҷӯён барои соҳиб шудан ба он саъйи донишомӯзӣ кунанд.

Бознашр аз саҳфаи фейсбукии муаллиф.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.