Маҳмуд Човушоғлу ба Тоҷикистон омад

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, барои иштирок дар нуҳумин конфонси вазирони "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" рӯзи 28-уми март бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Нишаст рӯзи 30-юми март дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Мақомоти Туркия хабар доданд, ки Човушоғлу бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, мулоқот мекунад. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии […]

Asia-Plus

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, барои иштирок дар нуҳумин конфонси вазирони "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" рӯзи 28-уми март бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Нишаст рӯзи 30-юми март дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти Туркия хабар доданд, ки Човушоғлу бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, мулоқот мекунад. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Туркия гуфта шудааст, ҷонибҳо ҳама паҳлуҳои равобити ду кишварро баҳс карда, дар мавриди масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ низ табодули назар хоҳанд кард.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар иттилоияе гуфт, дар назар аст, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Мавлуд Човушоғлуро ба ҳузур пазирад.

Нишасти нӯҳуми вазирони "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" рӯзи 30-юми март дар Душанбе оғоз мешавад. Қарор аст, дар он вазирони умури хориҷии 15 кишвар ва президентҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок кунанд.

"Қалби Осиё – Раванди Истанбул" як ибтикори минтақавӣ бо ташаббуси Афғонистон ва Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба рушди Афғонистон дар арсаҳои гуногун мебошад.

Нишастҳои пешинаи "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" дар Истанбулу Кобул, Алмато, Пекин, Исломобод, Амритсар ва Боку гузаштааст. Кишварҳои ширкаткунанда дар ин раванд Туркияву Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистону Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.