Бердимуҳаммадов узви Халқ Маслаҳатӣ ё палатаи болоии порлумон шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон узви Халқ Маслаҳатӣ ё палатаи болоии порлумони кишвараш интихоб шуд. Дар ин бора Хадамои хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба як ҷаласаи девони вазирони ин кишвар дар рӯзи 29 март хабар медиҳад. Бердимуҳаммадови 63-сола аз вилояти Ахали кишвараш дар палатаи болоии порлумон намояндагӣ мекунад. Ба ин тартиб, вай ҳамзамон ҳам узви ҳокимияти қонунгузор […]

Asia-Plus

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон узви Халқ Маслаҳатӣ ё палатаи болоии порлумони кишвараш интихоб шуд. Дар ин бора Хадамои хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба як ҷаласаи девони вазирони ин кишвар дар рӯзи 29 март хабар медиҳад.

Бердимуҳаммадови 63-сола аз вилояти Ахали кишвараш дар палатаи болоии порлумон намояндагӣ мекунад. Ба ин тартиб, вай ҳамзамон ҳам узви ҳокимияти қонунгузор ва ҳам роҳбари ҳокимияти иҷроия шуд. Бердимуҳаммадов инчунин раиси ҳукумат, яъне сарвазири Туркманистон ба ҳисоб меравад.

Дар рӯйхати 111 даъвогари курсиҳои палатаи болоии порлумони он кишвар, ки рӯзи 1 март нашр шуд, номи Бердимуҳаммадов зикр наёфта буд. Аммо Комисияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки "барои узвият дар Халқ Маслиҳатӣ" 112 номзад сабти ном шуда буд. Зоҳиран, номи президенти Туркманистонро дар лаҳзаҳои охир шомил кардаанд.

Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи он кишварро, ки моҳи сентябри соли гузашта ворид карданд, коршиносон талоши интиқоли қудрат унвон мекунанд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов айни ҳол ноиб-сарвазири ва раиси Палатаи олии назоратии Туркманистон, ҳамчунин узви Шӯрои амниятии он кишвар аст. Коршиносон аз ӯ ба унвони ҷойнишини падар ёд мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.