БАОР хароҷоти кишварҳои узвро ба тадбирҳои зиддипандемия ҳисоб кард

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) оқибатҳои соли пандемияи 2020-ро барои иқтисоди кишварҳои узви Бонк – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Суръати имконпазири рушди иқтисод дар аксари кишварҳои минтақа ба андозаи 0,5-1 банди фоизӣ ба сатҳи то пандемия коҳиш ёфтанд, гуфта мешавад дар арзёбии мутахассисони БАОР. “Ин ҳолат дар шароити таъсири манфии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) оқибатҳои соли пандемияи 2020-ро барои иқтисоди кишварҳои узви Бонк – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Суръати имконпазири рушди иқтисод дар аксари кишварҳои минтақа ба андозаи 0,5-1 банди фоизӣ ба сатҳи то пандемия коҳиш ёфтанд, гуфта мешавад дар арзёбии мутахассисони БАОР.

“Ин ҳолат дар шароити таъсири манфии пандемия ба фаъолмандии сармоягузорӣ, инчунин вазъи захираҳои корӣ ба вуҷуд омад”, – навиштаанд коршиносони Бонк.

Ба гуфтаи онҳо, фаъолмандии иқтисодӣ дар ҳамаи кишварҳои узв камтар шудааст, ба ҷуз Тоҷикистон, ки рушди иқтисод дар он “танҳо ба таври назаррас суст шуд”.

“Сустшавии талаботи дохилӣ ва беруна, поинравии нархҳо ба молу маҳсулоти энергетикӣ, бад шудани рӯҳия дар тиҷорат ва маҳдудиятҳо дар истифодаи нақлиёт ба коҳиши фаъолмандии корӣ сабаб шуданд”, – навиштаанд таҳлилгарон.

Бино ба арзёбии мутахассисони Бонк, тадбирҳои дастгирии аҳолӣ ва тиҷорат аз ҷониби давлат имкон дод, ки аз оқибатҳои бештар назарраси манфӣ пешгирӣ шавад.

“Дар ин давра ба таҳкими низоми тандурустӣ, дастгирӣ аз даромади аҳолӣ, кумак ба соҳибкории хурду миёна, ки аз оқибатҳои пандемия бештар зарар дид, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд”, – шарҳ медиҳанд коршиносон.

Соли 2020 ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба 82,5 млрд сомонӣ (7,9 млрд доллар) баробар шуд, ки 2,5% -и он 2,1млрд сомонӣ (200 млн доллар бо қурби миёнаи соли 2020)-ро ташкил медиҳад.

Рушди воқеии ММД Тоҷикистон дар соли 2020 аз 7,5%-и соли 2019 то ба 4,5% дар соли 2020 поин рафт.

Мувофиқи пешгӯйиҳои БАОР, соли 2021 рушди ММД Тоҷикистон 6,1%, Арманистон – 4,9%, Қазоқистон – 4,4%, Қирғизистон – 7,3% ва Русия – 3,2%-ро ташкил хоҳад дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.