Дар сабқати ҷудои Antalya Grand Slam 2021 аз Тоҷикистон се нафар ширкат мекунад

   Дар сабқати бонуфузи ҷудои Antalya Grand Slam 2021, ки рӯзҳои 1-3 апрели  соли ҷорӣ дар шаҳри Анталяи кишвари Туркия доир мегардад, аз Тоҷикистон се ҷудокрори шинохта ширкат мекунад. Ба гуфтаи Федератсияи ҷудои кишвар, Тоҷикистонро дар ин сабқат Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд. Бино ба иттилои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо […]

Asia-Plus

 

 Дар сабқати бонуфузи ҷудои Antalya Grand Slam 2021, ки рӯзҳои 1-3 апрели  соли ҷорӣ дар шаҳри Анталяи кишвари Туркия доир мегардад, аз Тоҷикистон се ҷудокрори шинохта ширкат мекунад.

Ба гуфтаи Федератсияи ҷудои кишвар, Тоҷикистонро дар ин сабқат Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо дар ин мусобиқот ширкати 501 варзишгар аз 96 давлати дунё дар назар аст. Рақобатҳо ҳам миёни занон ва ҳам миёни мардон ба таври зер сурат хоҳанд гирифт. 

Рӯзи якум (1-уми апрел):
Занон: -48, -52, -57kg;    Мардон: -60, -66kg

Рӯзи дуюм (2-юми апрел):
Занон: -63, -70kg;   Мардон: -73, -81kg

Рӯзи сеюм (3-юми апрел):
Занон: -78, +78kg;   Мардон: -90, -100, +100kg
 
Аз Тоҷикистон ягона ҷудокори Комроншоҳ Устопириён замоне, ки ин сабқат Grand Prix Antalya буд ҳар се медали ҷойҳои ифтихориро ба даст овардааст: соли 2017 нуқра, соли 2018 тилло ва соли 2019 медали биринҷиро.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.