Бино ба маълумоти Комиссияи миллии тандурустии Чин, аз оғози хуруҷи беморӣ то рӯзи 3-юми феврал 20 ҳазору 438 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори фавтидагон 425 нафарро ташкил медиҳад.
Тавре хабаргузории РБК менависад, 2778 ҳолати сироятёбӣ ҷиддӣ мебошад.
Каме пештар ҳукумати вилояти Хубэй, маркази коронавируси нав маълумоти худро пешниҳод кардааст, ки мувофиқи он, шумори фавтидагон дар як шабонарӯз дар ин минтақа 64 нафар афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, аксари фавтидагон аз пойтахти вилояти Хубэй – шаҳри Ухан мебошанд, ки аз ҳамин ҷо паҳншавии вирус оғоз шудааст. Он ҷо шабонарӯзи ахир 48 нафар вафот карданд. Аз шумори умумӣ 313 нафар дар Ухан фавтидаанд.
То имрӯз маълум аст, ки дар берун аз ҳудуди Чин як нафар аз коронавирус ҳалок шуд. Ин шахс марди 44-сола мебошад, ки 1-уми феврал дар Филиппин фавтид. Ӯ пас аз сафар ба Ухан сироят ёфт.
Дар Русия 2 ҳолати тасдиқшудаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст: як нафарӣ шаҳрвандони Чин дар вилояти Тюмен ва Забайкале.
Дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ё сироят ба коронавирус беш аз 20 кишвар хабар доданд.
Дар биноҳои махсуси карантинии Тоҷикистон 300 нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз Чин омадаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.