Дар бораи воксани “Астра Зенека” ва муовини барканоршудаи вазири тандурустӣ

Муовини аввали вазири тандурустӣ, масъули бахши беҳдошту бумшиносиро аз кор гирифтанд. Ӯ дар конфронси матбуотӣ дар мавзӯи воксан, Куреи шимолӣ ва ҷанубиро ба ҳам омехт, ки чанд хотираи қаблиро дар зеҳнҳо бедор кард. Замоне Дабири кулли ҳизби кумунисти шӯравӣ-Горбачёв Тоҷикистонро "Таджикия" номид ва баъд аз эроди вакили кишвари мо узр пурсид. Бори дигар раиси вақти […]

Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино

Муовини аввали вазири тандурустӣ, масъули бахши беҳдошту бумшиносиро аз кор гирифтанд. Ӯ дар конфронси матбуотӣ дар мавзӯи воксан, Куреи шимолӣ ва ҷанубиро ба ҳам омехт, ки чанд хотираи қаблиро дар зеҳнҳо бедор кард.

Замоне Дабири кулли ҳизби кумунисти шӯравӣ-Горбачёв Тоҷикистонро "Таджикия" номид ва баъд аз эроди вакили кишвари мо узр пурсид. Бори дигар раиси вақти яке аз кумитаҳои порлумон Ғозималикро "Зоғималик" хонду ба эроди ҳозирин " Ғоз аст, зоғ аст, арду пититс аст" гуфта ҷавоб дод, ки солҳо мавзӯи ҳаҷву хушгӯӣ гашта буд. Вале он ҳарду сиёсатмадор муҷозоте нашуда буданд.

Ба андешаи ман муовини вазир саҳван ба ҷойи “ҷанубӣ” “шимолӣ” талаффуз кард ва вақте эрод гирифтанд, хост гапро ба шӯхӣ гардонад, вале ба масхараи рӯзноманигорон мувоҷеҳ шуд, вагарна Куреи шимолӣ кишваре нест, ки касе аз аҷибу ғариби он, аз ҷумла аз зиддияташ бо Куреи ҷанубӣ бехабар бошад. Ҳамчунин бардошти ман ин аст, ки ӯ мехост конфронсро ба таври озод ва шод пеш барад, вале музҳик тофт ва вокуниши манфӣ дар расонаву шабакаҳо ба қадре шиддат гирифт, ки ҳатто мавзӯи асосии конфронсро канор зад, ва гӯё сабаби барканорияш шуд.

Ростӣ бо ин шахс шиносоии шахсӣ надорам, вале ба назарам дар замони бӯҳрони Кувид-19 хуб хидмат кард. Инро ҳам бигӯям, ки тими кунунии Вазорати тандурустӣ беҳтарин тимест, ки дар даврони фаъолияти Бемористони Ибни Сино дидаам. Қадре ёриву ҳамкорӣ мекунанд, муҳимтар аз ҳама дахолати ноҷо намекунанд. Яке аз аъзои ин тим, ки мутахассиси хуби соҳа ва моил ба ҳамкорӣ бо бемористонҳои хусусӣ буд, ҳамин муовини мустаъфӣ аст…

Ва аммо дар мавзӯи он конфронсӣ матбуотӣ

Аз воксани Астра Зенека миқдори сад воя ба Бемористони Ибни Сино ҳам дода шуд. Мо дирӯз ба даҳ нафар кормандонамон онро гузарондем ва дар се нафар оризаи сабуки таби баланд ба назар расид, ки ба қавли коршиносон пешбинӣ шудааст ва ҳатто нишонаи вокуниши системи эмании бадан аст ба он маъно, ки подтан тавлид мешавад.

Вале аз дуру наздик хабари оризаҳои вазнини ин воксан низ ба гӯш мерасанд. Аз ҷумла, чанд рӯз пеш дар Олмон гузарондани ин воксанро ба шахсони аз шастсола поён ба сабаби оризаҳои вазнин ва ҳатто марг мамнӯъ карданд ва танҳо ба касони аз шастсола боло иҷозат додаанд, дар ҳоле ки тавлидкунанда дар аввали дам онро ба шахсони синни аз шаст боло тавсия надода буд. Умедворам ин на ба он маъност, ки бехатарии одамони аз шаст боло барои олмониён аҳамияти камтар дошта бошад…

Қаблан ҳам чанд кишвари аврупоӣ задани ҳамин воксанро боздошта буданд.

Ин ҳама ногузир таассуроте ба бор меорад, ки гӯё ин воксан ба таври лозим омӯхта нашудааст.

Ин воксан ба Тоҷикистон бепул дода шуда бошад ҳам, аз тариқи барномаи Covax маблағгузорӣ шудааст. Шояд дар гузарондани он шитоб накунем, натиҷаи моҷарои кишварҳои ғарбиро интизор шавем ва агар ин воксан қобили эътимод дониста нашавад, аз он даст кашем ва воксани дигареро аз Covax дархост кунем?

Бахусус бо назардошти он ки аксари мардуми мо ба таври табиӣ воксаншудаанд ва пандемӣ дар кишвар он шиддати ваҳмангезро надорад. Бе ин ҳам мо ба миқдори кофӣ ба ин вируси манҳус қурбонӣ додем.

Бознашр аз саҳфаи фейсбукии муаллиф.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.