«Истиқлол» бори 10-ум ба Суперҷоми футбол соҳиб шуд

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 тими “Равшан”-и Кӯлобро мағлуб намуда, ба ҷоизаи Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 соҳиб шуд. Тӯбҳои ба дарвозаи ҳариф задаи Ҳусейн Доган ва Алишер Ҷалилов пирӯзии дастаро таъмин карданд. Легионери голландии “Истиқлол” Ҳусейн Доган дар дақиқаи 56-уми бозӣ ҳисобро кушода, пас аз чор дақиқа капитани душанбегиҳо Алишер Ҷалилов боз як […]

Asia-Plus

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 тими “Равшан”-и Кӯлобро мағлуб намуда, ба ҷоизаи Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 соҳиб шуд. Тӯбҳои ба дарвозаи ҳариф задаи Ҳусейн Доган ва Алишер Ҷалилов пирӯзии дастаро таъмин карданд.

Легионери голландии “Истиқлол” Ҳусейн Доган дар дақиқаи 56-уми бозӣ ҳисобро кушода, пас аз чор дақиқа капитани душанбегиҳо Алишер Ҷалилов боз як тӯби дигарро ба дарвозаи ҳариф ворид намуд. То охири бозӣ ин ҳисоб дигар тағйир наёфт.

Ҳусейн Догани 27-сола, ки ин вохӯрӣ барояш аввалин бозии расмӣ дар ҳайати дастаи “Истиқлол” буд, бозингари беҳтарини вохӯрӣ эътироф гардид. Ба ӯ 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.

Бозии 12-ум барои дарёфти ҷоизаи Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзи шанбе, 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид. Дар он 5500 нафар тамошобинон ҳузур доштанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Истиқлол бори 10-ум ба Суперҷоми футболи Тоҷикистон соҳиб мешавад. Қаблан солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020 низ “Истиқлол” ба дарёфти ин ҷоиза шарафёб гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.