Вазорати меҳнат: “Ба сохтакории ҳуҷҷатҳо барои сафар ба Русия машғул нашавед”

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳуҷҷатҳоро барои сафар ба Русия сохтакорӣ накунанд. Дар муроҷиати Вазорат дар саҳфаи Facebook аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз хариди билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳои«Уральские авиалинии» бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ (асос барои вуруд ба Русия) худдорӣ кунанд. Ширкати "Уральские авиалинии" ба якчанд шаҳри Русия парвозҳои […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳуҷҷатҳоро барои сафар ба Русия сохтакорӣ накунанд.

Дар муроҷиати Вазорат дар саҳфаи Facebook аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз хариди билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳои«Уральские авиалинии» бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ (асос барои вуруд ба Русия) худдорӣ кунанд.

Ширкати "Уральские авиалинии" ба якчанд шаҳри Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад. Бо ин хатсайрҳо танҳо шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандоне, ки барои вуруд ба Русия асос доранд, ба қаламрави ин кишвар ворид шуда метавонанд. Билет ба ин хатсайрҳо нисбат ба парвозҳои доимӣ гаронтар аст.

Аз ин рӯ, Вазорати меҳнат аз шаҳрвандони даъват мекунад, ки аз сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намуда, зимни харидорӣ аз чиптаҳои ҳавоии "Уральские авиалинии" ба доми қаллобон гирифтор нашаванд, зеро ки баъди ворид гардидани шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар Русия барои онҳо мушкилӣ пеш меояд.

Ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки парвозҳои мустақим ба шаҳри Москва тавассути ду ширкати ҳавоӣ: “Сомон – эйр” ва “ЮтЭйр” ҳафтае якмаротибаӣ ба самти Душанбе – Москва – Душанбе сурат мегирад. Нархи билетҳо ба ҳар ду самт 500 доллар муқаррар шудааст.

Зикр мегардад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кор кардан дар Русияро доранд метавонанда ба Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷа ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорат муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос:  2362245; 2368929;

Хадамоти муҳоҷират дар хориҷа: 2213983; 2213985; 90 – 688 93 -13; 555551080;

 Хадамоти муҳоҷират: 225-07-33, 225-08-33, 225-05-75.

e-mail: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.