«Барқи тоҷик”: Лимити барқ дар Рамазон сабуктар мешавад

Бо оғози моҳи шарифи Рамазон мардум субҳ ва шомгоҳон бо барқ таъмин карда мешаванд, то ки хӯрок тайёр карда тавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ хабар дода, лекин аз ҷузъиёти масъала чизе нагуфт. Дар ҳамин ҳол, ба қавли вай, дар бораи пурра аз байни бурдани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ […]

Бо оғози моҳи шарифи Рамазон мардум субҳ ва шомгоҳон бо барқ таъмин карда мешаванд, то ки хӯрок тайёр карда тавонанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ хабар дода, лекин аз ҷузъиёти масъала чизе нагуфт.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли вай, дар бораи пурра аз байни бурдани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) ҳоло ягон тасмиме гирифта нашудааст.

Айни замон аз соати 23:00 то 05:00-и субҳ интиқоли барқ ба сокинони минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон қатъ мешавад.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” пурра бартараф шудани речаи маҳдуди истифодаи барқро ба гармшавии ҳаво вобаста медонанд, ки ба афзоиши маҷрои об дар дарёҳо мусоидат мекунад, зеро 93%-и барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ “лимит” расман аз 6 январи соли равон ҷорӣ шуд, ҳарчанд аҳолии деҳот аз тез-тез ва ба муддати тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли барқ ҳанӯз аз моҳи сентябри соли гузашта шикоят мекарданд.

Нимаи моҳи феврал “Барқи тоҷик” давомнокии реҷаи маҳдуди истифодаи барқро як соат кам карда, инро раҳбарияти ширкат ба обуҳавои мусоид ва зиёдшавии маҷрои об дар дарёи Вахш нисбат дод.

Айни замон танҳо дар қаламравҳое, ки дар онҳо хонаҳои баландошёна ҷойгиранд, нерӯи барқ шабонарӯзӣ интиқол меёбад.

Мувофиқи қарори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ, моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз имрӯз, 13 апрел оғоз шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.