Варзишгари тоҷик барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ Далер Ризозода барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид. Тавре Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 13 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин оғоз шуд, ки варзишгари тоҷик Далер Ризозода ҷои дуюмро сазовор шуд. Гуфта мешавад, ӯ дар вазни 77кг қувваозмоиро аз даври чорякфинал […]

Asia-Plus

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ Далер Ризозода барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид.

Тавре Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 13 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин оғоз шуд, ки варзишгари тоҷик Далер Ризозода ҷои дуюмро сазовор шуд.

Гуфта мешавад, ӯ дар вазни 77кг қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Дамеу Жадраев пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт. Вале бо сабаби лат бардоштан натавонист дар финал нерӯ санҷад.

“Ду варзишгари дигарамон – Асламҷон Азизов дар вазни 55кг ва Тоҳирҷон Охунов дар вазни 87кг ҷои панҷумро гирифтанд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Имрӯз – 14 апрел – қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ дар панҷ вазни дигар идома меёбад, ки варзишгарони мо низ иштирок мекунанд.

Ёдрас мешавад, ки Далер Ризозода соли 2019 медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавононро сазовор гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.