Ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт дар Тоҷикистон мисли корхонаи давлатӣ имтиёз мехоҳанд

Аъзои Ассотсиатсияи “Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ”-и Тоҷикистон аз пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҷумҳурӣ зимни воридоти маҳсулоти нафтӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар мактуби аъзои Ассосиатсия ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, тағйироти дахлдор ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ” мухолифи меъёрҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аъзои Ассотсиатсияи “Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ”-и Тоҷикистон аз пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҷумҳурӣ зимни воридоти маҳсулоти нафтӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Дар мактуби аъзои Ассосиатсия ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, тағйироти дахлдор ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ” мухолифи меъёрҳои қонун “Дар бораи ҳимояи рақобат” мебошад.

Зери ин мактубе, ки нусхааш дар ихтиёри идораи “Азия-Плюс” қарор дорад, директори Ассотсиатсия Ёраҳмад Бегаҳмадов, инчунин роҳбарони 18 ширкати воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ имзо гузоштаанд.

Дар муроҷиатнома изҳор мешавад, ки ҳиссаи воридоти аъзои Асссотсиатсия дар ҳаҷми умумии воридоти маводи сӯзишворӣ 80%-ро ташкил дода, ҳамасола онҳо ба маблағи зиёда аз 1 млрд сомонӣ андоз пардохт мекунанд. Дар мактуб зикр мегардад, ки ҳиссаи Агентии захираҳои моддии назди ҳукумат тайи ду соли ахир 3%-ро ташкил медиҳад.

Таъкид мешавад, ки бо вуҷуди болоравии нархи чаканаи маводи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ, фоидаи софи ширкатҳои таҳвилгар бар асари беқурбшавии назарраси сомонӣ дар сатҳи соли пешин – 5% боқӣ мемонад.

Зикр мегардад, ки дар робита ба беқурбшавии пули миллӣ арзиши, масалан бензини навъи АИ-92 дар ин давра аз 7,45 сомонӣ то 8,50 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ – аз 8,10 то ба 8,70 сомонӣ боло рафт.

Муаллифони мактуб таъкид мекунанд, ки имтиёзҳои ба корхонаи воридкунандаи давлатӣ додашуда хароҷоти онро оид ба воридоти маводи сӯзишворӣ ба таври назаррас кам мекунад, аз ин рӯ, дархост мешавад, ки ба онҳо низ чунин сабукиҳо дода шавад.

Дар хулосаи мактуб зикр мегардад, ки дар сурати баръакс, аъзои Ассосиатсия бо сабаби фарқият дар нархгузорӣ рақобатпазир буда наметавонанд ва ба тарки бозор маҷбур мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки тағйирот ба Буҷети давлатии соли 2021 дар бораи аз пардохти боҷи гумрукӣ, аксиз ва ААИ озод кардани Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон 31 марти ҳамин сол аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд.

Дар Вазорати молия бар ин назаранд, ки имтиёзҳои ба Агентӣ додашуда, ба беҳбуди таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти дар боло зикршуда, инчунин ҷиҳати ба эътидол омадани вазъи нархҳо ба он мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки афзоиши нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши ҷумҳурӣ ҳанӯз аз аввали сол ба мушоҳида мерасад, лекин болоравии нархи сӯзишворӣ барои автомашинаҳо давоми даҳаи аввали моҳи март назаррас шуд.

Аз 1 январ то имрӯз нархи бензини тамғаи АИ-92 дар Душанбе қариб зиёда аз 30% (аз 6,5 то 8,5 сомонӣ барои 1 литр), АИ-95 – 27% (аз 6,90 то 8,80 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 13% (аз 6,80 – 7,70 сомонӣ) ва  гази моеъ – 9% (аз 4,25 то 4,60 сомонӣ) боло рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.