Пеш аз оғози мусобиқаи асосии футболи Осиё “Истиқлол” сармуррабияшро иваз кард

Мутахассиси тоҷик Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд, ки қаблан ҳам дар ин тим ба ҳайси сармураббӣ кор карда буд. Мубин Эргашеви 48-сола иҷозатнома (литсензия)-и мураббигии категорияи «Pro» дошта, дар давраи марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО ба ҷойи Виталий Левченко вазифаи сармураббии тими “Истиқлол”-ро иҷро хоҳад кард. Мувофиқи қоидаҳои […]

Мутахассиси тоҷик Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд, ки қаблан ҳам дар ин тим ба ҳайси сармураббӣ кор карда буд.

Мубин Эргашеви 48-сола иҷозатнома (литсензия)-и мураббигии категорияи «Pro» дошта, дар давраи марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО ба ҷойи Виталий Левченко вазифаи сармураббии тими “Истиқлол”-ро иҷро хоҳад кард.

Мувофиқи қоидаҳои Конфедератсияи футболи Осиё, мутахассисе, ки иҷозатномаи мураббигии категорияи «Pro» надорад, наметавонад сармурабии дастае бошад, ки дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО иштирок мекунад.

Мутахассиси украинӣ Виталий Левченко моҳи феврали соли гузашта сармураббии тими “Истиқлол” таъин шуда, чунин иҷозатнома надорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” масъули дафтари матбуоти даста Рустам Ҳакимов.

“Ивази муваққатии сармураббӣ дар дастаи мо маҳз бо ҳамин сабаб сурат гирифт”, – иброз дошт ӯ.

“Истиқлол” бори нахуст дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО иштирок карда, бозии аввалашро бо дастаи “Шубоб Ал-Аҳлӣ” (АМА) баргузор мекунад. Ин бозӣ рӯзи 15 апрел дар варзишгоҳи байнулмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.