Дар кӯҳҳои Леваканд боз ҷасади ҷавонзани дигарро ёфтанд

Рӯзи 13-уми апрел сокинони деҳаи Зартеғии шаҳри Левакант аз пайдо шудани боз як ҷасад дар баландии бештар аз 2000 метр хабар доданд. Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаи махсуси наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҷасадро аз баландӣ, бо роҳҳои […]

Asia-Plus

Рӯзи 13-уми апрел сокинони деҳаи Зартеғии шаҳри Левакант аз пайдо шудани боз як ҷасад дар баландии бештар аз 2000 метр хабар доданд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаи махсуси наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҷасадро аз баландӣ, бо роҳҳои душворгузари кӯҳӣ, ки ҳудудан 6 километр масофа буд, поин овардаанд.

Қобили зикр аст, ки як рӯз пеш имдодгарон аз ҳамон мавзеъ ҷасади як духтари 16-соларо поин оварда буданд.

“Ба назар мерасад ин ду ҳамшираанд, ки ба кадом сабабе кӯҳ рафтаву ҳалок шудаанд, – омадааст дар маълумоти Кумита. – Он чи маълум аст, ин ду тан се моҳ пеш бенишон шуда буданду пайвандонашон меҷустанд”.

Зикр мегардад, ки дар бораи сабабҳои ин ҳодиса ҳанӯз маълумоти дақиқ дар даст нест. Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Левакант парванда боз кардаву тафтиш мекунад. Ду фарзияи он – куштор ё худкушӣ баррасӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.