Даргузашти Дилшод Басир, соҳибкори 45-солаи тоҷик дар Истамбули Туркия

Date:

Дишод Басир, соҳибкори тоҷики муқими Туркия субҳи имрӯз дар Истамбул бар асари беморие, ки дошт,  дар синни 45-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум ба "Азия-Плюс" хабар доданд. 

Дилшод Басир мудири кулли ширкати "Глобал Моторс" ва фарзанди шоири шинохта ва фақиди тоҷик Басир Расо буд.

Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ҳамроҳ бо хонаводааш дар Истамбул зиндагӣ мекард ва тиҷораташро баъди чанд соли кор дар Тоҷикистон дар Туркия мечархонад.

Дар ҳоли ҳозир барои овардани ҷасади марҳум ба Душанбе наздикону пайвандонаш даст ба кор шудаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Дилшод Басир ба унвони як соҳибкори боахлоқу боимон ва саховатманду ҷавонмард ёд кардаанд ва гуфтаанд, ки ҳамеша варзишгарону донишмандонро ёрии молӣ мекардааст. 

Гуруҳи расонаҳои Азия-Плюс марги ин соҳибкори хушноми тоҷикро ба тамоми наздикону пайвандонаш таслият арз мекунад ва дар ин мусибати сахт барояшон сабру бурдаборӣ мехоҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...