Файзобод: ҳалокати 3 ҷавони зодаи Душанбе дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе 3 нафар ҷавони сокини шаҳри Душанбе ҳалок шуданд. Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, садама соати 22:30 дақиқаи шаб дар километри 49-уми роҳ, дар қаламрави деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод рух додааст. Гуфта мешавад, автомашинаи тамғаи  “Опел”, ки аз ҷониби як сокини 18-солаи деҳаи Фотеҳободи ҷамоати […]

Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе 3 нафар ҷавони сокини шаҳри Душанбе ҳалок шуданд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, садама соати 22:30 дақиқаи шаб дар километри 49-уми роҳ, дар қаламрави деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод рух додааст.

Гуфта мешавад, автомашинаи тамғаи  “Опел”, ки аз ҷониби як сокини 18-солаи деҳаи Фотеҳободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод идора мешуд, ҳангоми ҳаракат ба самти Файзобод ба кадом сабабе аз роҳе берун ва дучори садама шудааст.

Дар ин садама 3 мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст”, – омадааст дар хабар. – Ҳалокшудагонро мардуми маҳал аз дохили мошин берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд”.

Ба иттилои манбаъ, 3 нафари дар ин садамаи маргбор фавтида сокинони шаҳри Душанбе буда, ду нафари онҳо ҳамагӣ 17 сол ва нафари сеюм 22-сола будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар бораи сабаби садама иттилои мушаххас дар даст набуда, айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.