Парванда алайҳи ду мудиру як нозири маориф бо гумони фурӯхтани замини мактаб дар Панҷакент

Додситонии Суғд алайҳи ду мудири мактаб ва як нозири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент бо гумони ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Масъулини соҳаи маориф бар он муттаҳам мешаванд, ки аз ҳисоби замини мактаб барои сохтмони мағозаву ошхона замин додаанд. Як масъули огаҳ аз парванда дар Додситонии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт бо ҷурми ғайриқонунӣ додани […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Додситонии Суғд алайҳи ду мудири мактаб ва як нозири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент бо гумони ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Масъулини соҳаи маориф бар он муттаҳам мешаванд, ки аз ҳисоби замини мактаб барои сохтмони мағозаву ошхона замин додаанд.

Як масъули огаҳ аз парванда дар Додситонии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт бо ҷурми ғайриқонунӣ додани қитъаи замин нисбати мудирони мактаби миёнаи рақами 61 ва 63-и шаҳри Панҷакент Қаҳҳор Қурбоналиев ва Мурод Шехимов ва нозири шуъбаи маорифи ин шаҳр Музаффар Усмонов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

“Директори мактаби рақами 61-и шаҳри Панҷакент Қурбоналиев Қ.М бо маслиҳати пешакӣ бо нозири шӯъбаи маорифи ҳамин шаҳр Усмонов М.Ҳ як сол пеш аз ҳудуди заминҳои мактаб ба шаҳрванд Мутаилов С.М бидуни қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон ва раиси шаҳр 30 метри мураббаъ қитъаи заминро барои сохтмони мағоза ва ошхона ғайриқонунӣ додаанд”,-хабар медиҳад додсионии Суғд

Манбаъ илова кард, ки ба ҳамин монанд директори МТМУ № 63-и шаҳри Панҷакент Мурод Шехимов моҳи апрели соли 2020 аз ҳисоби заминҳои мактаб 100 метри мураббаъ қитъаи заминро барои сохтмони мағоза додааст.

Мақомоти додситонии шаҳри Панҷакент алайҳи ҳар се ин масъули соҳаи маориф дар асоси моддаи 338 иловаи 1 қисмӣ 2-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.