19-22 май: рӯзҳои кинои Узбекистон дар Душанбе

Аз 19 то 22 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир мегардад. Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон соати 17:30 дар кинотеатри маҷмааи “Кохи Наврӯз” баргузор мешавад. Дар ин бора ба Азия Плюс Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси "Тоҷикфилм" хабар дод. Ба гуфтаи Раҳматуллоев мақсад аз баргузории Рӯзҳои кинои Узбекистон дар […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia Plus

Аз 19 то 22 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир мегардад. Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон соати 17:30 дар кинотеатри маҷмааи “Кохи Наврӯз” баргузор мешавад. Дар ин бора ба Азия Плюс Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси "Тоҷикфилм" хабар дод.

Ба гуфтаи Раҳматуллоев мақсад аз баргузории Рӯзҳои кинои Узбекистон дар шаҳри Душанбе рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ  бо кишвари дӯсту ҳамҷавори Ӯзбекистон дар соҳаи синамо мебошад.

Ҳамчунин Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба "Азия Плюс" гуфт, ки дар моҳи июни солӣ ҷорӣ дар доираи сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузории маҳфилҳои «Шоми дӯстӣ» миёни ду кишвар дар назар аст, ки дар ин ҳайати ҳунармандони Узбекистон ба Тоҷикистон меоянд ва аз Тоҷикистон ба Узбекистон мераванд.

Дар назар аст зимни баргузории ин ҳамоиш 3 филми ҳунарии «Илҳоқ», «Исёни арӯсон» ва «Хобҳои беранг», 3 филми мустанади «Посдори иттиҳод», «Қалби мардум», «Зери самои ягона» ва як филми тасвирии «Сандуқи сеҳрнок», ки маҳсули эҷоди синамогарони ин кишвар мебошанд, барои ҳаводорон пешниҳод шавад.

Намоиши филмҳо дар кинотеатрҳои ба номи Тоҳир Собиров ва «Зебуннисо» сурат мегирад ва тамошо ройгон мебошад.

Дар назар аст, ки дар рӯзи охири чорабинӣ байни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии миллии “Ӯзбеккино”  ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.