Раисҷумҳури Қирғизистон ба худдорӣ даъват кард: вазъро душвор накунед

Президенти Қирғизистон, бо нашри як изҳорот дар саҳфаи фейсбукияш аз мардум, хусусан неруҳои сиёсӣ ва расонаҳо хост хештандорӣ кунанд ва вазъро ба буҳрон накашанд. Содир Ҷабборов навиштааст, ки "ман ҳамаи сокинони Қирғизистон, пеш аз ҳама, нерӯҳои сиёсӣ ва расонаҳоро даъват мекунам, ки ором бошанд, ба иғвоҳо дода нашаванд, душманӣ ва ихтилофотро наангезанд. Мо ҳамеша бо бародарони тоҷик забони […]

Asia-Plus

Президенти Қирғизистон, бо нашри як изҳорот дар саҳфаи фейсбукияш аз мардум, хусусан неруҳои сиёсӣ ва расонаҳо хост хештандорӣ кунанд ва вазъро ба буҳрон накашанд.

Содир Ҷабборов навиштааст, ки "ман ҳамаи сокинони Қирғизистон, пеш аз ҳама, нерӯҳои сиёсӣ ва расонаҳоро даъват мекунам, ки ором бошанд, ба иғвоҳо дода нашаванд, душманӣ ва ихтилофотро наангезанд. Мо ҳамеша бо бародарони тоҷик забони муштарак пайдо хоҳем кард ва ҳама масъалаҳоро танҳо дар сурате ҳал хоҳем кард, ки манфиатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамоҳангиро дар сарзамини бостониамон ба назар гирем. Онҳое, ки мехоҳанд ихтилофро аз дарун барангезанд, ҳоло хатарноканд. Ман тамоми нерӯҳои сиёсии дохилиро даъват мекунам, ки дар чунин лаҳзаи барои кишвар душвор хештандорӣ кунанд"

Ҳамчунин Содир Ҷабборов имрӯз ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти кишваррашро бо ҳузури ҳайати маҳдуде доир кардааст, хабар медиҳад 24.kg.

Ҷабборов дар ҷаласа вазъ дар марз бо Тоҷикистонро баррасӣ карда, ба ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини амнияти сокинони наздимарзӣ ва масоили дигар таъкид кардааст. 

Вазъи нуқтаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз субҳи рӯзи 28-уми апрел ноором шудааст ва то кунун вазъ нигаронкунада боқӣ мондааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.