ВКД: Аз сӯхтор дар НФС-и собиқи “Умед-88” дар Душанбе 11 кас осеб дид

Date:

ВКД аз ҷузъиёти таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар маҳаллаи “Испечак-2”-и пойтахт хабар дод.

“Бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 1 майи соли 2021 тахминан соати 18-30 дақиқа дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.

Гуфта мешавад, оташ майдони зиёда аз 90 метри мураббаъ бо 60 тонна захираи маводҳои сӯзишвориро фаро гирифта, 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши бадан гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар ниҳодҳои дахлдор таҳқиқи ҷои ҳодиса давом дорад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...