Харобиҳои даргириҳо дар деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ: занону кӯдакон то ҳанӯз овораанд

Бар асари даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ хисори бузурге дидааст. Дар ин деҳа ҳудуди 15 хона комилан ба коми оташ рафтааст.  Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса гузориш медиҳад, ки занону кӯдакони ин деҳа то кунун ба деҳа барнагаштаанд. Бино ба гуфтаи хабарнигори мо, ба нақли қавл аз сокинони деҳа, дар рӯзҳои аввали даргирӣ […]

Ҳалимҷон Ҷӯраев, Asia-Plus

Бар асари даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ хисори бузурге дидааст. Дар ин деҳа ҳудуди 15 хона комилан ба коми оташ рафтааст. 

Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса гузориш медиҳад, ки занону кӯдакони ин деҳа то кунун ба деҳа барнагаштаанд. Бино ба гуфтаи хабарнигори мо, ба нақли қавл аз сокинони деҳа, дар рӯзҳои аввали даргирӣ хонаҳои онҳоро бо миномиёту снайперу дигар силоҳҳои сангини оташфишон мавриди ҳуҷум қарор додаанд, ки сӯхтаву хокистар шудаанд. 

Сокинон ба хабарнигорон гуфтаанд, ки дар деҳаи қирғизнишини паҳлӯи мо Кок -Тош, ки тақрибан хонаҳомон бо ҳам часпидаанд, ҳеч хонаи аз онҳоро ҷониби мо оташ назадааст.

Сокинон мегӯянд, вақте хонаҳо оташ гирифтанд онҳо талош кардаанд, ки сӯхторро хомӯш кунанд, вале аз ҷониби Қирғизистон, ки дар баландӣ ҷойгир буданд бо снайпер онҳоро ҳадафи ҳамла қарор медоданд, барои ҳамин натавонистанд, ки хонаҳои худро аз оташсӯзӣ наҷот бидиҳанд.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун маълумоти расмии хонаҳои сӯхта дар Исфараро пешниҳод накардааст, вале хабарнигори мо мегӯяд дар маҳаллаҳои Сомониёну Хоҷаи Аълои Чоркӯҳ бештар аз 20 хона ба коми оташ рафтааст.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ин даргириҳо 78 хонаи сокинони деҳаҳои онҳо ба коми оташ рафтааст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.