Тоҷикистону Қирғизистон то 9 май 112 километр қитъаи сарҳадро муайян мекунанд

Қирғизистону Тоҷикистон то 9 май 112 километр сарҳадро муайян мекунанд, гуфтааст раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар деҳаи Оксат. Тавре 24.kg иттилоъ медиҳад, ӯ изҳор доштааст, ки оид ба якчанд қитъаҳо ҷонибҳо ба хулосаи ягона расидаанд. Нишон додани он дар харитаҳо бояд то 9 май ба анҷом расад. Зимни вохӯрии сарои кишварҳо созишнома ба имзо […]

Asia-Plus

Қирғизистону Тоҷикистон то 9 май 112 километр сарҳадро муайян мекунанд, гуфтааст раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар деҳаи Оксат.

Тавре 24.kg иттилоъ медиҳад, ӯ изҳор доштааст, ки оид ба якчанд қитъаҳо ҷонибҳо ба хулосаи ягона расидаанд. Нишон додани он дар харитаҳо бояд то 9 май ба анҷом расад.

Зимни вохӯрии сарои кишварҳо созишнома ба имзо расида, сипас таъйин ва аломатгузории сарҳад анҷом дода мешавад.

Протоколи имзошударо оид ба таъйину аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳо ҳоло расман шарҳ надодаанд.

Қобили зикр аст, ки масофаи умумии сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон 980 километрро ташкил медиҳад, ки  қариб нисфи он (зиёда аз 370 километр) дар маҳал нишон дода нашудааст.

Маводи муфассал аз ҷараёни пешинаи рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.