Сокинони Конибодом ба Исфара корвони кумак фиристоданд

Корвони иборат аз 28 мошини пурбор бо кӯмаки моддии сокинони ҳамсояшаҳри Конибодом рӯзи 8 май ба аҳолии дар муноқишаҳои сарҳадӣ зарардида вориди Исфара гардид. Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, конибодомиҳо дар пайгирӣ аз анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркуҳ ва Ворух, ки аз низои мусаллаҳона зарар дидаанд,ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои […]

Asia-Plus

Корвони иборат аз 28 мошини пурбор бо кӯмаки моддии сокинони ҳамсояшаҳри Конибодом рӯзи 8 май ба аҳолии дар муноқишаҳои сарҳадӣ зарардида вориди Исфара гардид.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, конибодомиҳо дар пайгирӣ аз анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркуҳ ва Ворух, ки аз низои мусаллаҳона зарар дидаанд,ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаи санаи 29 апрел рухдода дасти мадад дароз намуднд.

Гуфта мешавад, бо иқдоми ҷомеаҳои меҳнатии шаҳри Конибодом барои оилаҳои осебдидаи деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ масолеҳи сохтмон, аз ҷумла зиёда аз панҷ ҳазор дона хишт, 4 тонна семент, 2200 дона сементблок, сарулибос, пойафзол, қолину рахти хоб, дигар маводи рӯзгор, ашёи хониш ва маводи хӯрока дастрас карда шуд.

Зикр мешавад, ки бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида бепул пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар шаҳри Исфара ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ ситоди кории шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Тибқи омори расмӣ, дар ҷараёни даргириҳои сарҳадии рӯзҳои 29-30 апрел дар ҷамоатҳои наздимарзии Исфара 17 хона пурра ва 38 манзил қисман тахриб шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.