Суғд: боздошти тиллофурӯш дар назди бозор

Date:

Кормандони милитсия аз рӯйи далели муомилоти ғайриқонунӣ бо фулузот (металл)-и қиматбаҳо сокини 32-солаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин мард ҳангоми кӯшиши фурӯхтани тилло ба маблағи 8 ҳазору 100 сомонӣ дар назди бозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ташхис нишон додааст, ки вазни фулузоти мусодирашуда 19,80 грамм ва арзиши умумии он 11 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса бо моддаи 284 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазои то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва маҳрумият аз озодӣ ба мушлати то 3 сол пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...