Харобиҳои барҷойгузоштаи сел дар Кӯлоб: ВИДЕО

Date:

Рӯзи 11-уми май сел дар Тоҷикистон қурбониву хисороти зиёде аз мардум гирифт. То ин дам 8 нафар қурбонии онро мақомот таъйид кардаанд.

Видеои нави "Азия-Плюс" аз ҳоли зори мардуми селзадаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аст. Қурбониёни селхезиҳои дирӯз 3 нафар дар Кӯлоб, 3 нафар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва якнафарӣ дар ноҳияҳои Кушониёни шаҳри Ҳисор гуфта мешавад. 

МЕДИА (YOUTUBE)

Кумитаи ҳолатҳои фақулодда мегӯяд сел ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар хисороти бузург расонида, хонаҳои истиқоматӣ, замину киштзорҳо, ҳайвоноти мардум, роҳҳои мошингард, пулҳо ва дигар иншоот зарари калон расонидааст. Ҳаҷми хисороти воридаро Комиссияи ҳолатҳои фавқулодае, ки таҳти раёсати сарвазир ташкил шудааст, маълум мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...