Як ҳайати рӯзноманигорони ӯзбек ба Тоҷикистон меоянд

Имрӯз, 17 май як ҳайати рӯзноманигорони ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон. Рӯзноманигорони кишвари ҳамсоя ният доранд, ки дар бораи муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику ӯзбек барои 12 шабакаи телевизион ва 4 шабакаи радиои Ӯзбекистон як силсила гузоришҳо таҳия намоянд. Давоми як ҳафта онҳо аз шаҳрҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз, 17 май як ҳайати рӯзноманигорони ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон.

Рӯзноманигорони кишвари ҳамсоя ният доранд, ки дар бораи муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику ӯзбек барои 12 шабакаи телевизион ва 4 шабакаи радиои Ӯзбекистон як силсила гузоришҳо таҳия намоянд.

Давоми як ҳафта онҳо аз шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияҳои Қубодиён ва Спитамен боздид хоҳанд кард.

Аз ҷумла дар Душанбе онҳо ба тамошои Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Алишери Навоӣ ва “Кохи Борбад” рафта, бо ҳамтоёни тоҷики худ вомехӯранд ва меҳмони оилаҳои якҷояи тоҷикону ӯзбекон мешаванд.

Дар шаҳи Турсунзода доир ба дастовардҳои деҳқонон гузориш таҳия шуда, дар Қубодиён аз беморхонаву дар Спитамен аз мактаб, ки ин иншоот аз ҳисоби маблағгузории Ӯзбекистон, боздид хоҳанд кард.

Ҳамчунин рӯзноманигорони ӯзбек ният доранд, ки бо шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон суҳат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.