Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар Junior Asian Judo Cup Almaty 2021

Сунатулло Лоиқов паҳлавони ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2021 миёни ҷавонон (Junior Asian Judo Cup Almaty 2021) дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар вазни -81 медали нуқра ба даст овард. Ин мусобиқот аз 14 то 16-уми май баргузор шуд.  Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 6 нафар паҳлавон: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Қурбоналӣ Бозоров ва Ғаниҷон Ғаниев (-73кг), Сунатулло Лоиқов (-81), Ҳайдаралӣ Шоев (-90кг) ва Эмомризо Анварзода намояндагӣ […]

Сунатулло Лоиқов паҳлавони ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2021 миёни ҷавонон (Junior Asian Judo Cup Almaty 2021) дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар вазни -81 медали нуқра ба даст овард. Ин мусобиқот аз 14 то 16-уми май баргузор шуд. 

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 6 нафар паҳлавон: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Қурбоналӣ Бозоров ва Ғаниҷон Ғаниев (-73кг), Сунатулло Лоиқов (-81), Ҳайдаралӣ Шоев (-90кг) ва Эмомризо Анварзода намояндагӣ карданд.

Сунатулло Лоиқов дар даври аввал ҷудокори мизбон – Бекзат Таугалиев, дар даври дигар варзишгари дигари мизбон Ботирхон Сакенов ва дар даври ниманиҳоӣ Абдулло Ҷалолиддинови қирғизро шикаст дод. 

Паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ барои ба даст овардани медоли тилло аз қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019 Аян Боёғозии мизбон шикаст хӯрд ва ҳамин тариқ барандаи медали нуқра гардид.

Паҳлавонони дигари тоҷик дар ин сабқат  дар давраҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд ва ба марҳилаи ба даст овардани медалҳо нарасиданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.