Даргузашти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев

Шаби 16 май актёри маъруфи театру кинои тоҷик, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев дар синнни 69-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ӯ аз сактаи шадиди қалб вафот кардааст. Дар ҳамин ҳол, зикр кардаанд, ки Мӯсоев ҳеҷ гоҳ аз беморие шикоят надошт. Назирмад Мӯсоев соли 1952 дар ноҳияи Маскав […]

Шаби 16 май актёри маъруфи театру кинои тоҷик, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев дар синнни 69-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ӯ аз сактаи шадиди қалб вафот кардааст. Дар ҳамин ҳол, зикр кардаанд, ки Мӯсоев ҳеҷ гоҳ аз беморие шикоят надошт.

Назирмад Мӯсоев соли 1952 дар ноҳияи Маскав (феълан – Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кигнематография (ВГИК) дар Маскавро хатм намуда, солҳои 80-уми қарни гузашта пас аз иҷрои нақш дар филми “Ӯ маро хуш дорад” байни мардум шинохтаву писандида гардид. Ғайр аз ин, ӯ дар даҳҳо филмҳои замони шӯравӣ ва солҳои соҳибистиқлолии кишвар нақшаҳои мондагоре бозидааст. Ҳамчунин яке аз актёрони маъруфи театри тоҷик дониста мешуд.

Толори асосии нақшофарии ӯ Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов маҳсуб меёфт, ки Назирмад Мӯсоев тӯли тамоми умр дар он фаъолият дошт. Дар замони бознишастагӣ низ дар толори ин театр нақш иҷро мекард.

 

Маросими видоъ бо Назирмад Мӯсоев рӯзи якшанбе, 16 май дар пойтахт баргузор шуд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” даргузашти ин ҳунарманди варзидаро талафоти бузург барои фарҳанги тоҷик медонад ва ба хонаводаи эшон, наздикону пайвандонаш дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.