Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд ҳам меравад

Дар доираи сафари расмии рӯзҳои 10-12 июн пешбинишудаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон боздиди ӯ аз Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Дар сафар ба шаҳри Хуҷанд Шавкат Мирзиёевро сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ мекунад. Дар назар аст, ки сарони кишварҳо пас аз анҷоми гуфтушунид […]

Дар доираи сафари расмии рӯзҳои 10-12 июн пешбинишудаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон боздиди ӯ аз Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар сафар ба шаҳри Хуҷанд Шавкат Мирзиёевро сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ мекунад.

Дар назар аст, ки сарони кишварҳо пас аз анҷоми гуфтушунид ва имзои зиёда аз 30 созишномаи байниҳукуматӣ дар Душанбе, ба маркази маъмурии вилояти Суғд раҳсипор мешаванд.

Дар ҷараёни сафар Шавкат Мирзиёев бо имконоти тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд, фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос шуда, аз иншооти таърихиву фарҳангии шаҳр боздид мкунад.

Бо раҳбарияти минтақаи шимоли ҷумҳурӣ баррасии масоили густариши робитаҳо бо минтақаҳои ҳаммарзи Ӯзбекистон дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Тошканд рӯзи 15 май таҳти раёсати сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, дар ҷаласа маҷмӯи васеи масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба байни кишварҳо  дар ҳошияи омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин атрофи имконоти воқеӣ барои афзоиши минбаъдаи ҳаҷми гардиши савдо, тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, электротехника, нақлиёт ва дигар бахшҳо табодули назар сурат гирифт.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа проткол ба имзо расид, ки дар он қарордодҳои ҳосилшуда ва самтҳои асосии шарикии минбаъда инъикос ёфтаанд.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби сафар ба Ӯзбекистон, ҳайати Тоҷикистон аз як қатор корхона ва иншооти саноатии ин кишвар боздид намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.