Занозанӣ дар тарабхонаи пойтахт бо иштироки писарони собиқ вазири энергетика Гул Шералӣ

Ду писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ дар як муноқишае бо истифода аз корд дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и пойтахт иштирок кардаанд. Алишер Гулови 24-сола дар Суғд боздошт шудаву бародари 29-солааш Диловар Гулов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон. Бародарон ба он гумонбар дониста мешаванд, ки шоми 16 май […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ду писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ дар як муноқишае бо истифода аз корд дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и пойтахт иштирок кардаанд. Алишер Гулови 24-сола дар Суғд боздошт шудаву бародари 29-солааш Диловар Гулов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

Бародарон ба он гумонбар дониста мешаванд, ки шоми 16 май дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и шаҳри Душанбе ба муноқиша пардохта, дар ҷараёни занозанӣ яке аз онҳо ба мизоҷи тарабхона бо корд зарба задааст.

Манбаъ дар бораи маҳз аз ҷониби кадоме аз бародарон бо корд зарба задан саҳеҳ маълумот надод.

Пас аз муноқиша бародарон Гуловҳо ҷойи ҳодисаро тарк кардаанд.

Алишер Гулов рӯзи 17 май дар қаламрави вилояти Суғд боздошт шуда, доир ба Диловар Гулов то ҳол ягон маълумот дастрас нест.

Аз рӯйи ин далел тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.