Шахсияти 5 қурбонии хоккӯчии Деваштич маълум шуд

Ҷасади ду модар ва се кӯдаки ноболиғи онҳоро, ки рӯзи 17-уми май дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич зери хоккӯчӣ ё ярҷ монда ҷон бохтанд, имрӯз ба хок месупоранд. Ному насаби ин қурбониёни ҳодисаи табиӣ маълум шуд. Аз ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки қурбониёни ин […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ҷасади ду модар ва се кӯдаки ноболиғи онҳоро, ки рӯзи 17-уми май дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич зери хоккӯчӣ ё ярҷ монда ҷон бохтанд, имрӯз ба хок месупоранд. Ному насаби ин қурбониёни ҳодисаи табиӣ маълум шуд.

Аз ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки қурбониёни ин ҳодисаи табиӣ ду модар: яке 33 ва дигаре 23-сола ва се кӯдак, ки яке  яксола ва дуи дигар 10 ва 11-сола будаанд, мебошанд.

Ин ҳодиса рӯзи 17-уми май рух додааст, ки бар асари зери хоккӯчӣ мондани як хона, соҳиби хона Мунаввара Тӯраева  ҳамроҳи фарзандонаш Асилмурод Эшонқулов ва Суннатулло Эшонқулов ва ҳамсояи онҳо Азиза Ҳасановаи бо  кӯдакаи яксолааш Абдузоҳир Ёқубзода ҷон бохтаанд.

Қурбониёни ин ҳодисаро субҳи имрӯз дар оромгоҳи ҷамоати Исмоили Сомонии Деваштич ба хок супорида мешаванд.

Шарафҷон Азизов, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Деваштич дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ҷасадҳоро нисфирӯзии 17-уми май аз зери хоку лойи теппа берун оварда ба пайвандонаш супориданд.

Ӯ сабаби ин ҳодисаи табииро обёрии зиёди боғ ном бурд, ки дар натиҷа қабати замин нам кашида боис канда шудани теппаи хокӣ шудааст. 

Ӯ гуфт дар натиҷаи фаромадани теппа қисме аз манзили истиқоматӣ вайрон шуда боис ба фурӯ рафтани девору хароб шудани қисме аз болопӯши хона шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.