Нобиғаи парастишгар: мустанде дар бораи шахсияти илмиву фалсафии Хайём

Имрӯз рӯзи таваллуди Умари Хайём, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илмиву адабии ҷаҳон аст. Чеҳрае, ки аз оғоз то кунун шахсияташ ҳамроҳ ба баҳсҳои илмиву мазҳабиву адабиву фалсафӣ аст. Чеҳрае, ки яке аз "брендҳо"-и азамати фарҳангии тоҷикону форсзабонон дар дунё аст. Дар ростои рӯзи марги ин нобиғаи илму адаби ҷаҳон, ки ифтихороти зиёде барои фарҳангу тамадунни ҷаҳонӣ […]

Имрӯз рӯзи таваллуди Умари Хайём, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илмиву адабии ҷаҳон аст. Чеҳрае, ки аз оғоз то кунун шахсияташ ҳамроҳ ба баҳсҳои илмиву мазҳабиву адабиву фалсафӣ аст. Чеҳрае, ки яке аз "брендҳо"-и азамати фарҳангии тоҷикону форсзабонон дар дунё аст.

Дар ростои рӯзи марги ин нобиғаи илму адаби ҷаҳон, ки ифтихороти зиёде барои фарҳангу тамадунни ҷаҳонӣ офаридааст ва бузургии тамаддуни форсии тоҷикро дар дунё таъмин кардааст, як мустанадеро, ки 6-сол пеш BBC-форсӣ сохта буд, пешниҳод мекунем.

Дар ин мустанади Содиқи Сабо бо номи “Умар Хайём: нобиғаи парастишгар” ба шахсияти Хайём ва ҷойгоҳи ӯ дар дунё бештар ошно шавед. 

Нобиғае, ки то кунун тақвими сохтааш, бо вуҷуди пешрафтҳои зиёди илмӣ, баъди наздик ба 900 соли маргӣ ӯ, ҳанӯз дақиқтарин тақвим ё гоҳшуморӣ дар дунё аст.

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ ҷойгоҳи бисёр муҳтараме дар ҷоҳони имрӯз дорад. Ӯ 18-уми майи соли 1048 дар Нишопур таваллуд шуд ва 4-уми декабри соли 1131 дар ҳамин Ношпур дида аз ҷаҳон пӯшид.

Хайём дар дунё бо тахаллусҳое чун ҳамачиздон, файласуф, риёзидон, ситорашинос, шоир ва рубоисаро маъруф аст. Ҳарчанд ҷойгоҳи илмии Хайём бартар аз ҷойгоҳи адабӣ ва шоирияш аст, аммо шаҳомати шахсияти Хайёмро дар дунё пеш аз ҳама рубоёти ҷанҷолбарангез ва фикриву фалсафияш таъмин кард. Ба дунболи рубоёташ дунё аз як нобиғаи дигари илмӣ ҳам хабар ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.