Ҷамолиддин Неъматзода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ ва писарашро бар пайи ҷаҷноле, ки чанде пеш дар масҷид роҳ андохта буданд, аз имоматӣ дар масҷид барканор кардаанд. Дар ин бораи Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин хабар медиҳад.
Ин қазия ҷанҷол, чанд рӯз пеш дар масҷиди маъруф ба ҳазрати Мавлонои канори Душанбе рух дода буд. Дар ҳоли ҳозир назари Ҷамолиддин Неъматзода ва писараш барои расонаҳо дастрас нест.
Барканории падару писар, дирӯз сурат гирифтааст. Бино ба гуфтаи Афшини Муқим 18-уми май маҷлиси Ҳайати муассисони масҷиди ҷомеи ба номи “Ҳазрати Муҳаммад (С)”-и деҳаи Саховати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардиддааст ва ҳамин маҷлис Неъматов Ҷамонулло Амоновичро барканор кардааст.
Далели барканории Неъматзода "бинобар вазъи саломатӣ, розигии шифоҳӣ, риоя накардани талаботи низомномаи масҷид ва шартномаи ҳамкориву хизматрасонӣ вобаста ба тарбияи ахлоқию маънавӣ аз вазифаи имомхатиби масҷиди ҷоме",- гуфта шудааст.
Ҳамчунин Неъматзода аз мақоми сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ ҳам барканор шудааст.
Афшини Муқим далели барканории писари Ҷамолиддин Неъматзода Азаматуллои Ҷамонуллоро хоҳиши худаш унвон мекунад.
"Ҳамчунин, 18-уми май ҷаласаи Ҳайати муассисони масҷиди панҷвақтаи ба номи “Эшони Исматулло”-и деҳаи Дарёбоди деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур Ҳайати муассисон хоҳиши имоми панҷвақтаи ҳамин масҷид Азаматуллои Ҷамонуллоро ба эътибор гирифта, ӯро аз вазифаи ишғолнамудааш озод намуданд. Масъулияти имомии масҷиди мазкур ба уҳдаи узви Ҳайати муассисон Касиров Асрориддин вогузор гардид. Касиров Асрориддин хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам мебошад",-гуфт Муқим.
Ҷаҷнҷоли Ҷамолиддин Неъматзода бо намозгузорони масҷид замоне сар зад, ки намозгузорон имоматии писари ӯро қабул накарданд.
Дар як наворе, ки расонаӣ шуд, гуфта мешуд, ки 7-уми майи имсол сабт шудааст, лаҳзаҳои дашному ҷанҷоли Неъматзода бо намозгузорон сабт шуда буд.
Дар ин навор Неъматзода бо яке аз намозгузорон даргир мешавад ва намозгузорони масҷид монеъои ӯ мешаванд. Он замон мулло Ҷамолиддин як дашноми дигар ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: "Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо туп (манзур ҷамъ омадед) боз-а?"
Баъди расонаӣ шудани ин навор Ҷамолиддин Неъматзода ин ҷанҷоли худашро ҳеч гоҳе шарҳ надод. Аммо Кумитаи дин гуфт, ки ӯ баъди ин ҷанҷол дар беморхона бистарӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


