Сафорати Тоҷикистон даст доштани тоҷиконро дар занозанӣ бо қирғизҳо рад кард

Date:

Сафорати Тоҷикистон дар Русия даст доштани шаҳрвандон дар як занозании гуруҳӣ дар Маскавро рад кард. Ин дар ҳолест, ки дирӯз хабаргузории расмии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти пулиси Маскав навишт, ки ин занозанӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст.

"Корманди хадамоти консулии сафорат бо ёрдамчии сардори шуъбаи ВКД дар Хиёбони Вернадский, Оксана Шликова, мулоқот кард. Номбурда иттилоъ дод, ки шаби 18-уми май низоъ ба вуқуъ пайвастааст, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок надоштанд ва ягон нафари онҳо боздошт нашудаанд",-гуфтааст намояндаи сафорати Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ.

Ин намояндаи сафорати Тоҷикистон, гуфтааст, ки даргирӣ фақат байни шаҳрвандони Қирғизистон сурат гирифта ва  "маълумоти расонаҳои Русия дар бораи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он дурӯғ мебошад".

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, ки субҳи дирӯз расонаӣ кард, дар ин занозанӣ, ки дар қисмати ҷанубу шарқи Маскав, дар хиёбони Вернадский рух додааст 15 нафар ширкат кардаанд, ки 9 нафарро пулис боздошт ва ҷазо додааст. 

Бар пайи ин даргирӣ, ки пулиси Маскав далели онро "хусумати шахсӣ" унвон кардааст, ду нафарро барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош  ва 7 нафари дигарро барои майдаавбошӣ ҷарима кардаанд. 

Бархе расонаҳои русӣ дар пасманзари инъикоси ин ҳодиса ба даргириҳои марзии ахири Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ишора карда буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...