Сафорати Тоҷикистон даст доштани тоҷиконро дар занозанӣ бо қирғизҳо рад кард

Сафорати Тоҷикистон дар Русия даст доштани шаҳрвандон дар як занозании гуруҳӣ дар Маскавро рад кард. Ин дар ҳолест, ки дирӯз хабаргузории расмии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти пулиси Маскав навишт, ки ин занозанӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст. "Корманди хадамоти консулии сафорат бо ёрдамчии сардори шуъбаи ВКД дар Хиёбони Вернадский, Оксана Шликова, мулоқот […]

Сафорати Тоҷикистон дар Русия даст доштани шаҳрвандон дар як занозании гуруҳӣ дар Маскавро рад кард. Ин дар ҳолест, ки дирӯз хабаргузории расмии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти пулиси Маскав навишт, ки ин занозанӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст.

"Корманди хадамоти консулии сафорат бо ёрдамчии сардори шуъбаи ВКД дар Хиёбони Вернадский, Оксана Шликова, мулоқот кард. Номбурда иттилоъ дод, ки шаби 18-уми май низоъ ба вуқуъ пайвастааст, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок надоштанд ва ягон нафари онҳо боздошт нашудаанд",-гуфтааст намояндаи сафорати Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ.

Ин намояндаи сафорати Тоҷикистон, гуфтааст, ки даргирӣ фақат байни шаҳрвандони Қирғизистон сурат гирифта ва  "маълумоти расонаҳои Русия дар бораи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он дурӯғ мебошад".

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, ки субҳи дирӯз расонаӣ кард, дар ин занозанӣ, ки дар қисмати ҷанубу шарқи Маскав, дар хиёбони Вернадский рух додааст 15 нафар ширкат кардаанд, ки 9 нафарро пулис боздошт ва ҷазо додааст. 

Бар пайи ин даргирӣ, ки пулиси Маскав далели онро "хусумати шахсӣ" унвон кардааст, ду нафарро барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош  ва 7 нафари дигарро барои майдаавбошӣ ҷарима кардаанд. 

Бархе расонаҳои русӣ дар пасманзари инъикоси ин ҳодиса ба даргириҳои марзии ахири Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ишора карда буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.