Боз офат? Даъвати КҲФ ба этиёткорӣ дар рӯзҳои наздик

Рӯзҳои 20-22 майи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, давоми рӯзҳои 20-23 май дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Рӯзҳои 20-22 майи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, давоми рӯзҳои 20-23 май дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ ба соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои об низ дар ин гуна рӯзҳои пурбориш маслиҳат нест.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, хоҳиш мекунад ҳаракат дар чунин роҳҳо дар шабонгаҳонро маҳдуд кунанд. Масофаи муқарраршударо зимни ҳаракат қатъиян риоя намоянд.

КҲФ бори дигар ба моҳигирон муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳилҳое, ки эҳтимоли туғёни об доранд, худдорӣ намоянд. Соҳили дарёҳо дар ин рӯзҳо боронӣ басо хатарноканд ва ин хатарҳо баногаҳ рух медиҳанд.

Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки аз фурсатҳои мусоид истифода намоянд ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахири КҲФ, бар асари офатҳои табиӣ, ки аввали моҳи май дар қаламрави ҷумҳурӣ рух доданд, 9 нафар ҳалок шуда, ҳадди ақалл дар 15 ноҳияи вилояти Хатлон ба манзили сокинон, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт, иншооти ёридиҳанда ва роҳу пулҳо зарари хеле зиёд расонида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.