Боздошти як сокини Варзоб ба гумони даст доштан дар куштори 26 сол пеш

Кормандони милитсия сокини ноҳияи Варзобро ба гумони даст доштан дар куштори соли 1995 рухдода боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба куштори 26 сол пеш содиршуда марди 50-сола гумонбар дониста мешавад. Гуфта мешавад, соли 1995 ин мард аз пулемёти Калашников 5 хизматчии ҳарбиро дар минтақаи шарқи Тоҷикистон парронидааст. “13-уми майи соли 1995 […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия сокини ноҳияи Варзобро ба гумони даст доштан дар куштори соли 1995 рухдода боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба куштори 26 сол пеш содиршуда марди 50-сола гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, соли 1995 ин мард аз пулемёти Калашников 5 хизматчии ҳарбиро дар минтақаи шарқи Тоҷикистон парронидааст.

“13-уми майи соли 1995 ҳангоми дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод қарор доштанаш бо истифода аз пулемёти тамғаи “Калашников” чор нафар хизматчиёни ҳарбии  Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон ва як нафар корманди ШВКД дар ноҳияи Нурободро ба қатл расонидааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Зикр мегардад, ки нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.