Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар истеҳсоли электроэнергияи тоза дастгирӣ мекунад

Date:

Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Берде изҳор дошт, ки ин ниҳод ба идомаи дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар истифодаи манбаъҳои бештар тоза ва барқароршавандаи энергия омода аст.

Аз рӯйи натиҷаҳои сафар ба ҷумҳурӣ ӯ гуфт, Тоҷикистон дар истеҳсол ва содироти энергияи тозаи барқароршаванда имконоти назаррас дорад.

Сармоягузории ҷории Бонки ҷаҳонӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон ҳудуди 500 млн долларро ташкил медиҳад.

Ба қавли номбурда, Бонки ҷаҳонӣ ба талошҳо дар таҳкими устувории соҳаи энергетика, бартараф намудани реҷаи маҳдуди мавсимии истифодаи барқ, таъмини боэътимоди дастрасӣ ба барқ ва густариши ба содирот бештар рӯ овардани соҳа мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд кВт/соат дар як сол арзёбӣ шуда, айни замон ҳамагӣ 5%-и он истифода бурда мешавад.

Аз рӯйи ин нишондиҳанда Тоҷикистон пас аз Чину Русия, ИМА, Бразилия, Зайир, Ҳиндустон ва Канада зинаи 8-умро ишғол мекунад.

Аз лиҳози имконоти содиротӣ (497 млрд кВт/соат дар як сол) Тоҷикистон пас аз Русия ва Зайир дар мақоми сеюм дар ҷаҳон қарор дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...