Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳи занону кӯдакон, ки аз Русия савори мошинҳо ба Ватан бамегаштанд, дар минтақаи сарҳадии байни Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд. Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва сафоратҳои Тоҷикистон дар ин кишварҳо барои ҳалли ин мушкилот фаъолият доранд.
Як муҳоҷири тоҷик аз ҷойи ҳодиса видео фиристода, қазияро чунин шарҳ дод: “Мо дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистонем. Қазоқистон сар медиҳад, аммо Ӯзбекистон барои даромадан роҳ намедиҳад. “Карантин аст” гуфта, 15 рӯз сарҳадашро маҳкам кардааст. Ин ҷо халқи тоҷик омадааст. Касе, ки шиносномаи Русия дорад, ба он кишвар баргашта метавонад. Касе, ки шиносномаи Русия надорад, дар ҳамин Қазоқистон мемонад ва на тарафи Тоҷикистон баромада метавонад, на тарафи Русия”.
Ин шоҳиди ҳол мегӯяд: “Аз 100 мошин зиёдтар ҷамъ шудааст, ки дар онҳо занону кӯдакон, ҷавонону мардони калонсол пуранд. Дар ҳамин ҷо ҳамакаса дармондаанд. Ягон тоҷике нест, ки аз он тараф моро ёрдам кунад. Аз дирӯз боз дар ин ҷо маҳкамем. На аз ҳукумат ва на аз ягон ҷойи дигар занг назада истодаанд”.
Нархи маводи ғизоӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Черняевка”, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он дармондаанд, тай ду рӯзи ахир ду баробар боло рафтааст: “Ду рӯз боз ҳама гуруснаю ташна дар ин ҷо мондаем. Як самбӯса 250 танга буд, ҳозир 500 танга кардаанд”.
Ҳамчунин ба “Азия-Плюс” шавҳари соҳибкор Мағфират Шукурова зимни тамоси телефонӣ хабар дод, ки завҷааш бо 3 нафари дигар дар ин минтақаи нейтралӣ дармондаанд.
“Онҳо аз Қазоқистон ба хона бармегаштанд. Дар сарҳади Ӯзбекистон ба онҳо иҷозаи вуруд надоданд. Онҳо хостанд ба Қазоқистон баргарданд, аммо дар он ҷо низ ба онҳо иҷозаи вуруд надоданд. Онҳо дар минтақаи нейтралӣ банд мондаанд ва намедонанд, чӣ кор кунанд”, – гуфт ӯ.
Аз раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” зимни шарҳи ин вазъият гуфтанд, ки онҳо аз мушкили пешомада хабар доранд ва барои ҳалли он фаъолият доранд.
“Чӣ хеле шумо медонед, Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои пешгирии коронавирус даромадани шаҳрвандони кишварҳои дигарро маҳдуд карданд. Вобаста ба ин, қисме аз шаҳрвандони мо дар минтақаи нейтралии байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонданд. Айни ҳол Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва сафоратҳои Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани мушкилӣ кор карда истодаанд. Шумораи дақиқи шаҳрвандони дармонда ҳоло маълум нест”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” аз ВКХ ҶТ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.