Ронандаи Камазе, ки бо “Опел” бархӯрду 6 узви як хонавода аз Муъминобод кушта шуд, “права” надоштааст

Вазорати корҳои дохили садамаи пурқурбониеро, ки дар он 6 узви як хонавода аз Муъминобод ба ҳалокат расиданд, шарҳ дод. Ин ҳодиса ду рӯзи ахир нигарониҳо ва изҳори ҳамдардиҳои зиёди корбарондаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. «Модари дар қалб ҳазорҳо орзудошта, бо ду писар,  як духтар ва келину набераи тақрибан 7 солааш, ки дар айёми […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохили садамаи пурқурбониеро, ки дар он 6 узви як хонавода аз Муъминобод ба ҳалокат расиданд, шарҳ дод. Ин ҳодиса ду рӯзи ахир нигарониҳо ва изҳори ҳамдардиҳои зиёди корбарондаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.

«Модари дар қалб ҳазорҳо орзудошта, бо ду писар,  як духтар ва келину набераи тақрибан 7 солааш, ки дар айёми ҷавонӣ будаву аз дунё чизе надида буданд, мехостанд дар тӯйи яке аз ақрабояшон иштирок намоянд, вале мутаассифона марг нагузошт ва дар роҳ автомашинаи онҳо бо мошини боркаш (Камаз) бархӯрда, ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд», – ин сатрҳоро Зафар Шарифзода як корбари Фейсбук бо як андуҳе дар саҳифааш навишаааст. 

Ин корбари Фейсбук ҳамчунин навиштааст ки ин хонавода аз Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ – деҳаи Фурузобаи ноҳияи Мӯъминобод буда, акнун аз ин оилаи бузург ҳамагӣ як писар боқӣ мондаасту халос. Ӯ мегӯяд, «Бисёр талх ва аламовар буд, ҳангоми дидани 6 тобут дар як ҳавлӣ. Худо раҳматашон намояд».

Ҳамчунин расонаҳои дигар навиштаанд, ки ронандаи автомашинаи ин хонавода Дилшод Икромови 27-сола, ки ҳамроҳи ҳамсар ва фарзанди хурдсолаш ба ҳалокат расида буд, тоза аз Русия баргашта будааст. Ва ин хонавода ба маъракаи тӯйи яке аз наздиконашон мерафтанд ва ба садама дучор шудаанд. Падари ин хонавода соли 2007 бар асари бемории саратон фавтида будааст .

ВКД далели ин садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминободро, дар ин дидааст, ки ронандаи 31-солаи Камаз Маҳмадуллои Рустамхон, ки сари фармони мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ нишаста будааст,  аз уҳдаи идораи мошин набаромада ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада , автомашинаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Дилшод Икромов, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминободро зер мекунад.

Ин ҳодиса ба гуфти ВКД дар гардиши сероҳаи деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии Кӯлоб рух додааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷа ронанда ва мусофирони дохили автомашина «Опел-Астра» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Ҳамаи мусофирон, аъзои як хонавода, бошандагони ноҳияи Муъминобод будаанд : Ронанда Дилшод Икромов, мусофирони дохили автомашина,  Фарҳод Икромов, соли таваллудаш 1983, Заҳро Гулова, соли таваллудаш 1958, Майдагул Икромова, соли таваллудаш 1981, Меҳронбӣ Солиҳова, соли таваллудаш 1986 ва хурдсол Назризода Шаҳнозаи Дилшод, соли таваллудаш 2013.

Дар бораи вазъи саломатии худи ронандаи «камаз» иттилое дода нашудааст ва ВКД гуфтааст, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.