Қирғизистон то ҳалли комили масоил равуои марзӣ бо Тоҷикистонро комилан қатъ мекунад

Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов гуфтааст, ки Қирғизистон то ҳалли шудани мушкилот бо Тоҷикистон равуои марзӣ бо ин кишварро комилан қатъ мекунад. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук навиштааст. Марипов дар ин бора дар суҳбат бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон-Алайи вилояти Уши кишвараш хабар додааст. Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар мавриди ин […]

Asia-Plus

Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов гуфтааст, ки Қирғизистон то ҳалли шудани мушкилот бо Тоҷикистон равуои марзӣ бо ин кишварро комилан қатъ мекунад. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук навиштааст.

Марипов дар ин бора дар суҳбат бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон-Алайи вилояти Уши кишвараш хабар додааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар мавриди ин тасмими кишвари ҳамсоя расман чизе нагуфтааст. Талошҳои "Азия-Плюс" то замони нашри ин матлаб барои ба даст овардани назари расмии мақомҳои расмии Тоҷикистон бе натиҷа  буд. 

"Масъалаи марз барои мо дар ҳоли ҳозир яке аз масоили муҳим аст. Ҳамаи талош ба харҷ дода мешавад, ки ин масъала ҳал карда шавад. Мо онро ҳатман ҳал мекунем… Ба иловаи таъин ва аломатгузории марз мо ҳадаф гузоштаем, ки ҳифзи онро тақвият бахшем. Барои ин ҳамаи шароити лозимро барои марзбонон фароҳам меорем. Дар масъалаи тақвияти ҳифзи марз сокинони маҳаллӣ ҳам нақши калидӣ доранд. Аз ҳамин хотир шуморо ба сабру таҳаммул даъват мекунам", – гуфтааст сарвазири Қирғизистон.

Улуғбек Марипов гуфтааст, ки дар марзӣ чӣ зиндагие мегузарад, танҳое онҳое медонанд, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд. “Ман ҳамеша гуфтаам, ки ин мардум қаҳрамонанд. Бори дигар такрор мекунам: ҳадафи асосии мо – беҳтар кардани зиндагии мардуми одӣ аст. Ҳар чизе, ки барои он зарур аст, мо марҳила ба марҳила ба он мерасем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.