Банд мондани як зан аз Тоҷикистон бо наберааш дар фурӯдгоҳи Ӯши Қирғизистон

Маргарита Расулова, шаҳрванди Тоҷикистон бо набераи 6-солааш дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон дармондааст. Гуфта мешавад ӯ рӯзи сеюм аст, ки дар ин фурудгоҳ банд мондааст. Дар ин бора Радиои "Озодӣ" хабар медиҳад.  Ин зан, ки бо наберааш рӯзи 25-уми май аз Сургути Русия ба Қирғизистон парвоз кардааст, бояд баъдан мебоист аз он ҷо бо роҳи заминӣ […]

Asia-Plus

Маргарита Расулова, шаҳрванди Тоҷикистон бо набераи 6-солааш дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон дармондааст. Гуфта мешавад ӯ рӯзи сеюм аст, ки дар ин фурудгоҳ банд мондааст. Дар ин бора Радиои "Озодӣ" хабар медиҳад. 

Ин зан, ки бо наберааш рӯзи 25-уми май аз Сургути Русия ба Қирғизистон парвоз кардааст, бояд баъдан мебоист аз он ҷо бо роҳи заминӣ ба Тоҷикистон меомад, вале марзбонони қирғиз ба ӯ иҷозаи аз фурудгоҳ берун шуданро надодаанд.

Қирғизистон аз 21-уми май ба ин сӯ марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст ва гуфт то поёни ҳалли баҳси марзӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ва хориҷ шуданро намедиҳад. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, аз ин тасмими мақомоти қирғиз замоне хабар ёфтанд, ки субҳи 26-уми май ҳавопаймои ширкати "Сомон эйр"-ро бо 177 мусофир аз Бишкек ба Душанбе пас гардонданд.

Бар пайи ин тасмими ҷониби Қирғизистон Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри хабарномае аз шаҳрвандони кишвар хост, ки аз ҳама намуди сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд. 

Ҳамзамон ҳудуди сад мусофире, ки шаби 25-уми май бояд аз Бишкек ба Тоҷикистон бармегаштанд, иҷозаи парвозро  дарёфт накарданд.

Маргарита Расулова ҳамроҳ бо набераи 6-солааш, аз ҷумлаи мусофиронест, ки гуфтааст, аз қарори мақомоти қирғиз то лаҳзаи расидан ба Қирғизистон хабар надоштанд. Мушкили ин зан дар он аст, ки ӯ танҳо санади бозгашт ба ватан дорад, ки бо он ба ҷуз Тоҷикистон ҳаққи сафар ба ҳеҷ кишвареро надорад.

"Ба мо гуфтанд, ки ба ҳама иҷозат ҳаст, билет фурӯхтанд, санади бозгашт ба ватан доданд, ки амалан мо дигар ҳеҷ ҳуҷҷате надорем. Дар хазинаи чиптахарӣ пурсидем, ки чӣ хел ба Тоҷикистон равем, гуфтанд, ба воситаи Уш. Мо 25-уми май омадем ва дар хати сурх дармондем. Ба мо ҳатто об намедиҳанд. Мо хоҳиш кардем, ки иҷоза диҳанд, нон харем, вале иҷоза надоданд. Боварам намеояд, ки як зану кӯдакро иҷозаи сафар ба ватанашон надиҳанд. Се рӯз боз азоб мекашем.",–гуфтааст Маргарита Расулова.

Алия Қурбонова, сухангӯи фурудгоҳи "Манас" банд мондани як зану кӯдак аз Тоҷикистон дар фурудгоҳи Ушро тасдиқ карда гуфтааст, ки онҳо аз ҷониби ширкате, ки онҳоро овардааст, бо маводи ғизоӣ таъмин мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.