Маҳкум шудани як шаҳрванди Тоҷикистон барои қатли зани 47-солаи тоҷик дар Русия

Суди ноҳияи Митишии вилояти Маскави Русия шаҳрванди Тоҷикистонро барои куштани як зан, шаҳрванди Тоҷикистон ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, 28 августи соли 2019 ҷасади зодаи ноҳияи Ёвон Гулбаҳор Норматоваи 47-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд. “Аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид […]

Суди ноҳияи Митишии вилояти Маскави Русия шаҳрванди Тоҷикистонро барои куштани як зан, шаҳрванди Тоҷикистон ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, 28 августи соли 2019 ҷасади зодаи ноҳияи Ёвон Гулбаҳор Норматоваи 47-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд.

“Аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба ҳолати ба март расонидани ин зан, сабабҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон ба Прокуратураи генералии Русия дархост ирсол карда шуд”, – омадааст дар хабари Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ муайян карда шуд, ки аз рӯи ин ҳодиса бо дастрасии моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия (куштор), парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда, бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Х.Бобояров боздошт шудааст.

“Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки боздоштшуда дар натиҷаи муноқиша дидаю дониста бо корд ба шиками Г.Норматова чор зарба задааст, ки дар натиҷа зан вафот кардааст”, – гуфта мешавад дар маълумот.

Зикр мегардад, ки  суди ноҳияи Митишии вилояти Маскав Х.Бобояровро ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.