Сарвазири Тоҷикистон дар Минск бо Лукашенко вомехӯрад

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода шоми дирӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск рафт. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарвазирон, ки имрӯз, 28 июн доир мегардад, Қоҳир Расулзода як қатор […]

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода шоми дирӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск рафт.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарвазирон, ки имрӯз, 28 июн доир мегардад, Қоҳир Расулзода як қатор вохӯриҳои дуҷониба мегузаронад.

Дар назар аст, ки аъзои Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Итиҳод, аз ҷумла сарвазири Тоҷикистонро низ президенти Беларус Александр Лукашенко ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирон доир ба масоили муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод табодули назар сурат гирифта, тадбирҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи беҳдоштии қаламрави кишварҳои ИДМ ва муосидат ба шуғли аҳолии давлатҳои Иттиҳод баррасӣ мешавад.

Ҳамчунин имзои як қатор асноди танзимгари ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, консепсия ва нақшаҳои ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва қарорҳои зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.