Марде, ки дар Екатеринбург аз тиреза ба роҳгузарон тир кушод, боздошт шуд

Date:

Дар Екатеринбург шаби гузашта марде аз тирезаи бинои истиқоматӣ ба сӯйи раҳгузарон оташ кушод.

Марди тирандоз корманди собиқи пулис будааст. Ӯ ҳангоми амалиёт ба муқобили кормандони Гвардия ва СОБР низ тир кушодааст. 

Тибқи иттилоъи як манбаъи интизомӣ, барои боздошти ин нафар норинҷаки сабук истифода шудааст. Дар натиҷаи тирпарронӣ як духтар ва як корманди Гвардия ҷароҳат бардоштаанд.

Хадамоти матбуоти ҳавзаи Урали Гвардияи Миллии Федератсияи Русия ба ТАСС гуфтааст, ки дар натиҷаи ҳамлаи СОБР-и Гвардияи Русия гумонбаршуда дар манзилаш боздошт ва ба намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ супорида шудааст.

Ин бори дуюм аст, ки дар Русия дар як моҳи ахир ҳаводиси тирпавронӣ ба сӯйи шаҳрвандон рух медиҳад. Чанде пештар дар Қазон ҳам ин гуна ҳодиса рух дода буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...